ВидеоМуҳоҷиронҶанг дар Украина

ДАР ЗИНДОНИ ПЕРМ БУД, ДАР УКРАИНА КУШТА ШУД… ФАРҶОМИ ТАЛХИ УМРИ МУҲАММАДӢ КАРИМОВ АЗ ХАРАНГОНИ БОЛО

Мақомоти Русия ҷасади боз як муҳоҷири 46-солаи тоҷикро, ки дар маҳбаси Русия адои ҳукм мекард, вале дар ҷанги зидди Украина кушта шуд, ба хешовандонаш супурдаанд.

Манобеи пойгоҳи хабарии “Бомдод” рӯзи 17 январи соли 2023 хабар доданд, ки ҷанозаи Каримов Муҳаммадӣ Ҳайдарович, соли таваллудаш 1977, зодаи деҳаи Харангони болои ноҳияи Варзобро рӯзи 10 январ аз Русия оварданд ва ҳамон рӯз дар зодгоҳаш ба хок супурданд.

Ба наздиконаш гуфтаанд, ки Муҳаммадӣ Каримов рӯзи 28 ноябри соли 2022 дар қаламрави Украина кушта шуд. Наздиконаш мегӯянд, Муҳаммадӣ Каримов бо ҷурми қочоқи маводи мухаддир  дар Русия зиндонӣ шуда, дар як зиндон дар кишвари Перм адои ҳукм мекард ва онҳо аслан хабар надоштанд, ки ӯро кай ва чӣ гуна аз ин зиндон ба ҷанги зидди Украина бурдаанд?

Бино ба иттилои дарёфтӣ, Муҳаммадӣ писари Ҳайдар Каримов, як тоҷири дар вақташ маъруф буд. Падари ӯ дар даврони Шӯравӣ мудири мағозаи машҳури  пойафзол дар “бозори Путовский” дар маркази шаҳри Душанбе буд ва аз афроди сарватманди он замон ба шумор мерафт.

Муҳаммадӣ Каримов, ба гуфтаи онҳое, ки ӯро мешинохтанд, бори аввал дар Русия дар аввалҳои солҳои 2000-ум, вақте ҳанӯз як ҷавони сарсабз буд, бо ҷурми қочоқи маводи мухаддир зиндонӣ шуд.

“Қариб ҳама умраш дар зиндонҳои Русия гузашт. Озод мешуд, вале боз ба даст меафтоду зиндонӣ мешуд. Ҳамин тавр, мебаромаду медаромад. Ягон 22 ё 23 сол нишаст дар умум ва бояд боз қариб 10 соли дигар адои ҳукм мекард”, – нақл кард яке аз дӯстони ӯ ба “Бомдод”. Аммо ӯ ҳам гуфт, аз инки оё бо чӣ шарту шуруте Муҳаммадӣ Каримов барои рафтан ба ҷанги Украина розӣ шудааст?, хабар надорад.

Бино ба хабарҳо, ба ҷалби маҳбусон барои иштирок дар ҷанги Русия Евгений Пригожин, як соҳибкори наздик ба президенти Русия Владимир Путин ва муассиси ширкати хусусии ҳарбии “Вагнер”машғул аст. Пригожин, ки ӯро “ошпази Путин” ҳам ном мебаранд, маҳбас ба маҳбас гашта, ба маҳбусон ваъда медиҳад, ки дар пайи як муддати ҷангидан аз тарафи Русия ба зидди Украина метавонанд  ба афв ва озодӣ аз идомаи адои ҳукмашон ноил шаванд. Чанде пеш ӯ эълон кард, ки алакай 30 нафар аз маҳбусоне, ки дар ҷанги Украина иштирок кардаву корнамоӣ нишон доданд, афв ва озод шудаанд.

Дар зиндонҳои Русия, бино ба омори соли 2020 беш аз 7 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон адои ҳукм мекарданд. Дар матбуот дар бораи ба саффи нирӯҳои “Вагнер” ҷалб шудани даҳҳо маҳбуси тоҷикистонӣ аз зиндонҳои Русия низ хабарҳо нашр мешаванд. То имрӯз дар бораи кушта шудани дастикам 5 маҳбуси тоҷикистонӣ дар ҷанги Украина хабарҳо ба даст расидаанд.

Аз ҷумла ахир, тақрибан ҳамзамон бо Муҳаммадӣ Каримов, дар ноҳияи Дӯстӣ Булбул Давлатшоеви 47-соларо ба хок супурданд. Давлатшоев низ  бо ҷурми қочоқи маводи мухаддир аз соли 2007 дар як зиндони Санкт-Петербург адои ҳукм мекард, вале дар Украина кушта шуд.

Яке аз наздиконаш ба радиои Озодӣ гуфт, ба иттилои ҷониби Русия, Булбул Давлатшоев рӯзи 19-уми октябри соли 2022 аз зиндон ба майдони ҷанг дар Украина рафтааст. Эраҷ Давлатшоев, бародари Булбул Давлатшоев, гуфт, мақомоти Русия сабаби расмии марги ӯро “тир дар сина ва хунравии зиёд” номидаанд. Барои аъзои хонаводаи Давлатшоев рӯшан нест, ки ӯ дар чӣ шароит ва бо чӣ шарту шуруте ба ҷанги Украина бурда шудааст?

Манучеҳр Шодов (аз чап) ва Бобоазиз Тӯйдиев

Ҳамин тавр, моҳи декабри соли 2022 дар ноҳияи Ёвон Бобоазиз Тӯйдиеви 22-соларо  ва дар ноҳияи Кӯшониён Манучеҳр Шодови 28-соларо ба хок супурданд. Ҳардуи онҳо низ дар Русия адои ҳукм мекарданд, вале дар Украина кушта шуданд. Барои чӣ маҳкум шудани Шодов рӯшан нест, вале Бобоазиз Тӯйдиев моҳи сентябри соли 2021 ба ҷурми қочоқи маводи мухаддир дар Русия ба 6 соли зиндон маҳкум шуда буд.

Ҳамин тавр, бино ба хабарҳо, Меҳроб Раҳмонов, яке аз ду шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар тирандозии хунин дар як машгоҳи артиши Русия дар вилояти Белгород дар моҳи октябри соли 2022 ва куштани 11 сарбоз айбдор мешуданд, то рафтан ба артиш дар як зиндон дар вилояти Брянски Русия  бо ҷурми қочоқи маводи мухаддир адои ҳукм мекардааст.

Мақомоти Тоҷикистон аз зиндонҳои Русия ба ҷанги Украина бурдани шаҳрвандони худро то кунун ягон бор шарҳ надодаанд, вале қаблан сафорати Тоҷикистон дар Русия шаҳрвандони тоҷикро аз иштирок дар ҷангҳо дар кишварҳои дигар ҳушдор дода, хотиррасон карда буд, ки қонунгузории Тоҷикистон барои чунин кирдор то 20 сол ҳукми зиндонро пешбинӣ мекунад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button