ВидеоФарҳангҲодиса

ВИДЕО АЗ ҶОИ ҲОДИСА: ҶОНИБЕК МУРОДОВ ВА ЗУЛАЙХО МАМАДШОЕВА МЕГӮЯНД, ОНҲОРО ХУДО АЗ МАРГ НАҶОТ ДОД

Овозхони шинохтаи тоҷик  Ҷонибек Муродов шоми 11 январи соли 2023 дар саҳифааш дар Инстаграм бо нашри як видеои кӯтоҳ аз дохили ҳавопаймо хабар дод, ки ҳавопаймои онҳо дучори як ҳолати фавқулодда шудааст. Дар видео дида мешавад, ки ӯ ва овозхони дигари шинохтаи тоҷик Зулайхо Мамадшоева дар як қатор нишастаанд ва ҳарду ба рӯи ниқоби нафаскашӣ доранд. Аксари мусофирони ин ҳавопаймо, тавре дар ин видеои даҳсониягӣ дида мешавад, дар рӯ чунин ниқоби нафаскашӣ доранд.

Ин ниқобҳои нафаскаширо мусофирони ҳавопаймоҳо  бояд дар ҳолатҳои фавқулоддаи хеле ҷиддӣ ба рӯ бикашанд ва бо он нафас бигиранд.

Маълум нест, ки ин ҳавопаймои кадом ширкат буд ва дар кадом хатсайр парвоз мекард?

Вале Ҷонибек Муродов дар зери видео навиштааст,  ки ҳамааш ба хубӣ пасисар шуд: “Худочон, раҳмат барои зиндагии нав)) Ба тамоми Пилотҳоо ва экипаж низ раҳмат! Ба мусофирон тамоман гап нест: ягон кас паника накард! Бошем!”
Зулайхо Мамадшоева
низ баъди чанде бо нашри як аксаш аз дохили ҳавопаймо хабар дод, ки онҳо сиҳату саломат фаромаданд ва ба хона расиданд.

“Худоро шукр, омадем зиндаву саломат ба хона, вале фикр кардам, ман дигар нестам дар ин дунё. Алҳамдилуллоҳ! Илтимос, парвоз накунед ба ҳеҷ ҷои хатарнок дар ин ҳавои сард… Намедонам, чаро ман як эҳсоси бад доштам пеш аз парвоз, мисле ки медонистам ҳамин ҳолатро. Оҳҳҳ, Худоҷон, шукр!”  – навиштааст Зулайхо. Ӯ ҳамчунин ба Ҷонибек Муродов изҳори сипос кардааст, ки “дӯсти азиз, раҳмат, дар канорам будӣ”.

Даҳҳо тан аз мухлисон ва ҳамчунин овозхонҳои шинохтае, чун Нигина Амонқулова, Валиҷон Азизов ва Юлдуз Турдиева дар зери видеои гузоштаи Ҷонибек Муродов дуо кардаанд, ки “Худо дар панохаш нигах дорад”.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

  1. 100% malum ki in havopaymoi shirkati Somonair ast. Dar navori Jonibek stuardes zan meguzarad az nazdash ki Dar tan libosi jigari dorad ki in libosi yagonai stuardes zanhoi Somonair meboshad inchunin stuardes mardhoi in shirkar bo shimu kostyum faoliyat mekunand ki da navor onham dida meshavad. Az kujo ba kujo parvoz kardanashon muhim nest malum ki az sababi havoi nomusoid ba chunin holat omada rasidaand

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button