Тоҷикистон

ТАЪТИЛИ ЗИМИСТОНА ДАР МАКТАБҲОИ ТОҶИКИСТОН ТО 16 ЯНВАР ТАМДИД ШУД

Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 10 январи соли 2023 бо нашри иттилоияи вижа дар сомонаи расмиаш хабар дод, ки ба сабаби сард омадани ҳаво таътили зимистонаи хонандагон то 16 январ тамдид карда шуд.

Дар иттилоия чунин омадааст:  “Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи тарбиятгирандагони муассисаҳои томактабӣ, хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, омӯзгорон ва падару модарон мерасонад, ки бо дарназардошти сард омадани ҳаво ва бо мақсади ҳифзи саломатии тарбиятгирандагону хонандагон дар асоси фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10.01.2023, №35 «Дар бораи тамдид намудани таътили зимистонаи хонандагон дар муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти умумӣ» дар муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ таътили зимистонаи хонандагон то 16 январи соли 2023 тамдид карда шуд”.

Гуфта мешавад, ба ин тартиб, машғулиятҳо дар муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти умумӣ аз 16-уми январ оғоз гардида, соатҳои дарсии дар давоми таътил иҷронашуда тибқи ҷадвали алоҳидаи тасдиқгардидаи дарси иловагӣ дар нимсолаи дуюми соли таҳсили 2022-2023 аз ҳисоби таътили баҳорӣ ва тобистона ҷуброн карда мешавад.

Ҳамзамон, дар асоси фармоиши мазкур сардорони сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, раёсатҳои маорифи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, сардорони раёсату мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, директорони муассисаҳои таълимии мақоми ҷумҳуриявидошта ва хусусӣ уҳдадор гардидаанд, ки ҷиҳати ба таътил баромадани хонандагон тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Рӯзҳои ахир ҳаво дар Тоҷикистон якбора сард шуд. Бино ба пешбинии ҳавошиносон, сардиҳо дастикам то 14 январ идома ёфта, дар ин рӯзҳо ҳарорати ҳаво дар  саросари кишвар пойин рафта, дар минтақаи Булункӯл дар Мурғоб ҳатто то зери 50 дараҷа сард мешавад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button