ВидеоХабарҳои кӯтоҳҲодиса

ТАРМАҲО ДИГАРБОРА ШОҲРОҲИ ДУШАНБЕ – ХУҶАНДРО БАСТАНД (АКС+ВИДЕО)

Шоми 9 январ ва субҳи 10 январи соли 2023 ба сабаби идомаи барфрезиҳои шадид дар чанд қитъаи шоҳроҳи Душанбе- Хуҷанд тарма фаромада, сабаби боз барои чанд соат баста шудани ин шоҳроҳи ягона байни вилояти Суғд ва маркази Тоҷикистон шуд.

Аз ҷумла шоми 9 январ, соати 18:37 як тармаи бузург дар километри 80-ум шоҳроҳи Душанбе- Хуҷандро барои чанд соат баст. Соати 21:56 ин қитъаи роҳ аз тарма тоза карда шуд ва равуои нақлиёт аз сар гирифта шуд.

Вале субҳи 10 январ соати 06:20 дар километри 69-ум ва соати 08:3 дар километри 71-уми роҳи Душанбе – Хуҷанд боз тарма фурӯ рехт. Ҳарчанд ин офатҳо хисороту қурбоние дар пай надоштанд, вале роҳ дигарбора барои чанд соат баста шуд. Танҳо наздикии нимарӯзии 10 январ ширкати IRS хабар дод,  ки “тармаҳо бартараф гардида, роҳ барои автомобилҳои сабукрав кушода шуд. Ҳоло ҳаракат аз самти Душанбе ҷониби Хуҷанд оғоз гардид”.

Вале ин ширкат, ки масъулияти нигоҳубини ин шоҳроҳро бар уҳда дорад, таъкид кардааст, ки бориши барф бениҳоят пуршиддат буда, хатари тармафароӣ зиёд аст ва аз ин рӯ аз ронандагон бо арзи эҳтиром хоста шудааст, ки ҳангоми ҳаракат бодиққат бошанд.

Дар давоми рӯзи 9 январ низ фурӯ рехтани тармаҳо ду дафъа боиси барои чандсоатӣ қатъ шудани равуои нақлиёт дар ин шоҳроҳ шуда буд.

 Шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд – Чанак ягона роҳи заминист, ки шимоли ин кишвар (қаламрави вилояти Суғд)–ро бо боқӣ манотиқи Тоҷикистон мепайвандад. Боқӣ роҳҳои заминӣ аз шимоли Тоҷикистон ба дигар манотиқи ин ҷумҳурӣ тавассути қаламрави Ӯзбекистони ҳамсоя мегузаранд.

Ёдовар мешавем, бино ба пешбинии ҳавошиносон, ҳавои сарду боришот дар Тоҷикистон дастикам то 14 январ боқӣ хоҳад монд ва дар ин рӯзҳо хатари фурӯ рехтани тармаҳо ва сангрез дар роҳҳои кӯҳистон хеле баланд боқӣ мемонад. Ба ин далел, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз сокинон ва меҳмонони кишвар хостааст, ки аз ҳадди аксари эҳтиёт кор бигиранд ва дар ин рӯзҳо аз сафарҳо тавассути роҳҳои хатарнок, ҷамъоварии ҳезум, шикор ва сафар ба кӯҳҳо ҳадалимкон худдорӣ кунанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button