ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

МАРГИ КӮДАКИ ШАШСОЛА ДАР ЗЕРИ ЧАРХИ “ОПЕЛ” ВА 11 ДУЗДӢ ДАР ВАХШ ВА ДУЗДИИ ПУЛУ ГОВСАНДУҚ ДАР КӮШОНИЁН

Шаби 8 январ, тахминан соати 20:00, як кӯдаки шашсола дар роҳи шаҳраки Кирови ноҳияи Вахш зери чархи мошини “Опел-Астра” монда, бар асари ҷароҳатҳои бардоштааш, рӯзи 9 январ дар бемористон ҷон додааст.

хххххххххххххххх

Сокини 18-солаи шаҳри Бохтар, ки қаблан барои авбошӣ суд шудааст, ба он айбдор мешавад, ки рӯзи 9 январ аз як мағоза дар ноҳияи Кӯшониён 16 ҳазор сомонӣ, сандуқи оҳанин, ки дар дохилаш 5 260 сомонӣ буд ва ду асбоби қуввадиҳандаи барқиро дуздидааст.

ххххххххххххххххххх

Як сокини 21солаи ноҳияи Вахш бо гумони даст доштан дар 11 дуздӣ аз манзилҳои сокинон боздошт шудааст.

Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз 10.01.2023

Ҳалокати ноболиғ дар пайи садамаи нақлиётӣ

eee5b88dd7edd7cd96c5c5dfce2cef74

8-уми январи соли 2023, тахминан соати 20:00, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Қурбонзода Хуршед Раҳмат, соли таваллудаш 1980, сокини ноҳияи Вахш, ҳангоми ҳаракат аз самти маркази ноҳия ба самти ҷамоати шаҳраки Кирови ҳамин ноҳия, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ноболиғ Исломзода Ёсин Ризо, соли таваллудаш 2016, сокини ноҳияи мазкурро пахш намудааст. Дар натиҷа, ноболиғ Исломзода Ё.Р. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардида, 9-уми январи соли равон, ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

Ошкор шудани ҳолати дуздӣ аз мағоза

060

Ба ШВКД дар ноҳияи Кӯшониён бо ариза марди 38-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 9-уми январи соли 2023, шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба мағозааш даромада, аз он ҷо 16 ҳазор сомонӣ, 1-адад сандуқи оҳанин, ки дар дохилаш 5 ҳазору 260 сомонӣ буд ва 2-адад асбоби қуввадиҳандаи барқиро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Зарари расонидашуда 25 ҳазору 860 сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 18-солаи сокини шаҳри Бохтар, ки пеш бо моддаи 237 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир гардида, аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Дуздӣ – амалест нангин

57

Зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони Шуъбаи ВКД дар ноҳияи Вахш, дар асоси аризаҳои сокинони ноҳияи мазкур, ҷиҳати аз ҷониби шахсони номаълум дуздида шудани моликияти шахсияшон, як нафар сокини ноҳияро ҳамчун гумонбар дар содир намудани силсиладуздиҳо дастгир намуданд.
Ин нафар шаҳрванд Назаров Манучеҳр, соли таваллудаш 2001, сокини ноҳияи Вахш, ки пеш бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудаву аз ин ба худ хулосаи лозимӣ набароварда, дар ҳолати ритсидив, даст ба содир намудани ҷинояти дуздӣ задааст.
Номбурда шабона ҳангоми дар хоб будани соҳибмулкон, ғайриқонунӣ вориди манзилҳои истиқоматии шаҳрвандони ноҳияи Вахш гардида, аз он ҷо ҷавоҳироти тилоӣ, телефонҳои мобилӣ, телевизорҳо, қолинҳо, инчунин қисмҳои эҳтиётии автомашинаи шаҳрвандон аз қабили чархои автомашина, акумуляторҳо ва магнитафонҳоро дуздида аз ҷой ҳодиса ғайб задааст.
Назаров Манучеҳр дар 11 ҳолати ҷинояти дуздии моликияти шаҳрвандон гумонбар дониста шуда, зарари расонидааш зиёда аз 30 000 сомониро ташкил медиҳад.
Ҳолати ба миёномада баёнгари он аст, ки ҳеҷ як амали хилофи қонун бе ҷавобгарӣ намонда, парда аз рӯи ҳамагуна ҷиноят бардошта хоҳад шуд.
Гумонбаршуда Назаров Манучеҳр айни замон дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, нисбаташ дар шуъбачаи тафтишотии Шуъбаи ВКД ноҳияи Вахш парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 244 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Офоқ Қодириён, полковники милитсия

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button