ВидеоДин ва боварҳоҶанг дар Украина

ПУТИН 36 СОАТ ОТАШБАС ЭЪЛОН КАРД. УКРАИНА ГУФТ, ИН ЯК ФИРЕБ АСТ

Владимир Путин, президенти Русия рӯзи 5-уми январи соли 2023 фармон содир кард, ки аз соати 12-00-и рӯзи 6-уми январи соли 2023 то соати 00-00-и 7-уми январи соли 202, яхне барои 36 соат ё якуним шабонарӯз дар ҳамаи ҷабҳаҳои ҷанг бо Украина оташбаси якҷониба эълон карда шавад. Ӯ ин тасмими худро ба муносибати Мавлуди Исои Масеҳ, ки пайравони калисои православӣ рӯзҳои 6 ва 7 январ ҷашн мегиранд,  рабт дода гуфт, “бояд ҷониби Украина ҳам ин оташбасро риоя кунад”. 

Аммо дар ҷавоб президенти Украина Владимир Зеленский ин иқдоми Путинро рад намуда, афзуд, ки “Путин мехоҳад, Мавлуди Исои Масеҳро ҳамчун абзори ҷанг барои муҳофизати аскаронаш истифода кунад, то пешравии қӯшунҳои моро дар ҷабҳаҳо муваққатан боз дорад ва низомиҳои худро дар як шароити бехатар ба сангарҳои нав ҷо ба ҷо кунад. Ба ҳама маълум аст, ки ӯ Мавлуди Исои Масеҳро сипар карда, техникаҳои ҷангӣ ва тӯпхонаҳои худро ба мавқеи мо наздик намуда, бо қувваи нав истилогарии худро идома диҳад”.

Ин дар ҳолест, ки як рӯз пеш аз ин фармони  Путин, яъне санаи 4-уми январи соли 2023 расонаҳои туркӣ аз гуфтугӯи Раҷаб Таййиб Эрдуғон,раисҷумҳури Туркия бо Путин хабар дода буданд. Санаи 5-уми январ низ то эълони “оташбаси” Путин сомонаи “Анадолу” дар як гузориши худ ҷараёни гуфтугӯи Путин ва Эрдуғонро ба тавзеҳ шарҳ дода, навишта буд, ки “раисҷумҳури Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон аз Путин хост, то оташбаси якҷониба эълон кунад”. Расонаҳои наздик ба Кремл низ каме ба ҷараёни гуфтугӯи Путин ва Эрдуғон хабар дода навиштанд, ки “зимни сӯҳбат роҳбарони кишварҳо аз оташбас ва оғоз кардани раванди сулҳ баҳс карданд”.

Дар ҳамин ҳол сухангӯи Путин Дмитрий Песков мегӯяд, ки “ин иқдом пас аз пешниҳоди Патриарх Кирилл гирифта шуд”. Вале Михаил Подоляк, мушовири дастгоҳи президенти Украина навишт, ки “ин як амали таблиғотии Путин аст, то худро як шахси диндор ва инсондӯст нишон диҳад”.

Ҷо Байден, раисиҷумҳури Амрико низ ин ташаббуси Путинро шубҳанок ва муғамбирона донист. Байден афзуд, ки “ман ба ҳар рафтору гуфтори Путин баҳо намедиҳам, аммо ин амалаш барои ман хеле аҷиб ва ҳайратовар аст. Путин, ки то имрӯз бемористону кӯдакистону масҷидро ҳатто дар шаби Соли нав бомбаборон карда, ба хок яксон намуд, акнун мехоҳад бо ин амалаш, инсондӯстӣ ва диндориашро нишон диҳад. Ман фикр мекунам, ӯ мехоҳад дар ин фосилаи оташбас як нафасашро рост кунад ва ба ишғолгарӣ давом диҳад” .

Бояд ёдовар шуд, ки аз замони ҳамлаи мусаллаҳонаи Русия ба хоки Украина, яъне аз санаи 24 феврали соли 2022 то имрӯз қариб, наздики як сол, борҳо роҳбарони ҷаҳон ва ҳатто сардори католикҳои ҷаҳон пешниҳоди оташбас ва музокираро ба Путин карда буданд. Вале Маскав касеро нашунид. Коршиносони соҳа аз он ҳарф мезананд, ки Эрдуғон хеле бар Путин нуфуз дорад ва борҳо бо миёнаравии Эрдуғон, Украина ноил шуд чанд бор асирони худро аз Русия бозпас бигирад ва ғалладонаи худро тавассути баҳри Сиёҳ ба фурӯш барорад.

Дар ҳамин ҳол, Евгений Пригожин низ ба зархаридҳои худ дар арафаи Мавлуди Исои Масеҳ “озодӣ” ва “бахшиш” ҳадя кардааст. Чигуна, ки дар як сабти видеоӣ дида мешавад, асосгузори гурӯҳи ЧВК “Вагнер” Евгений Пригожин ба собиқ маҳбусон ва акнун  зархаридони худ ба қавле “амри маъруф ” карда, онҳоро ба зиндагии рост ҳидоят мекунад. Каналҳои наздик ба “Вагнер” ва хабаргузории расмии РИА “Новости”  хабар медиҳанд, ки 20 тан аз ҷангҷӯёни ин гурӯҳ пас аз иштирок дар ҷангҳои Украина ва ба итмом расидани мӯҳлати шартномаашон “авф” гардидаанд.

Ширкати “Вагнер” ба Евгений Пригожин, маъруф бо лақаби “ошпази Путин”, як нафари наздик ба президенти Русия Владимир Путин тааллуқ дорад.

Ин ширкат соли 2013 таъсис дода шуда, ширкати хусусии ҳарбие аст, ки барои ҷалби зархаридон дар ҷангҳои Сурия, Ироқ, Сомалӣ, Либия, Ҷумҳурии Африқои марказӣ ва Украина фаъолияти худро ба роҳ мондааст.

То моҳи октябри соли 2022 Евгений Пригожин таалуқ доштани ин ширкатро ба худ инкор мекард ва ҳатто чандин маротиба рӯзноманигоронро бари мансуб донистани ширкат ба ӯ ба суд дода буд.

Вале пас аз бархе пешравиҳои зархаридони ин гурӯҳ дар ҷанг бо Украина ва беҳтар нишон додани худ нисбат ба қӯшунҳои низомии Русия Пригожин таъйид кард, ки “Вагнер” ширкати хусусии ӯст ва пайваста дар майдони ҷанг ҳозир мешавад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button