Ҳодиса

ҲУКМИ ДУ ЗОДАИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ТАҶОВУЗ ВА ҚАТЛИ ЯК ПИРАЗАН ДАР ВИЛОЯТИ МАСКАВ (ВИДЕО)

Ду шаҳрванди Тоҷикистон бо ҷурми таҷовуз ба номус, ғорат ва қатли як пиразан дар вилояти Маскав маҳкум ба солҳои тӯлонии зиндон шуданд. Дар ин бораи рӯзи 29 декабри соли 2022

шабакаи телевизионии русии НТВ хабар дод. Бино ба иттилои ин нашрия, Бахтиёр Шираеви 34-сола,  айбдоршавандаи асосӣ дар таҷовуз ва куштори пиразани 66-сола дар канори деҳаи Бужаниново дар наздикии шаҳри Сергиев Посад,  ба 23 соли зиндони низомаш сангин ва шарики ӯ Раҳмонқул Ҳамидов ба 10 соли маҳбаси низомаш умумӣ маҳкум шуданд.

Хабарнигори НТВ хабар дод, ки мурофиаи ин парванда пушти дарҳои баста сурат гирифт, чунки  ин қазия ҷузъиёти хеле даҳшатбор дошт. Худи Шираев ва Ҳамидов, ки аз моҳи сентябри соли 2021 дар ҳабс қарор доранд, барои шарҳи қазия дастрас нестанд, вале бино ба фарзияи тафтишот, ҳодиса 12 сентябри соли 2021 вақте рух дод, ки пиразан баъди анҷоми ибодат дар калисо ба сари замини полезаш рафтааст. Шираев, ки як рӯз қабл қасди таҷовуз ба номуси як зани дигарро дар Бужаниново карда буд, он рӯз ҳамроҳи рафиқаш Ҳамидов пиразанро дар наздикии ҷамъияти боғдории “Магистрал 2” дарёб карда,  бо навбат ба номуси ӯ таҷовуз кардаанд ва сипас телефони пиразанро аз сумкааш гирифта, худи ӯро барои онки ба мақомот хабар надиҳад, куштаанд. НТВ мегӯяд, ки гӯё онҳо лаҳзаҳои бадрафтории худ бо пиразанро бо телефон ба навор гирифта, баъди ба хона баргаштан дар Интернет ҳам нашр кардаанд.

Ҷасади пиразанро рӯзе баъд, 13 сентябри соли 2021 аз даруни ҷангал пайдо карданд. Мақомот алакай баъди чанд соат ду зодаи Тоҷикистонро, ки дар як хобгоҳи муҳоҷирон, воқеъ дар деҳаи Бужаниново зиндагӣ доштанд, дастгир карданд.

Дар пайи таҷовуз ва қатли пиразан як гуруҳи сокинони Бужаниново дар назди хобгоҳи муҳоҷирон гирди ҳам омада, аз мақомот талаб карданд, ки муҳоҷиронро аз инҷо биронанд. Мақомот аз тарси инки қазия аз зери назорат хориҷ нашавад ва ба муҷозоти худсарона ё “самосуд” напечад, он хобгоҳро бастанд ва тамоми муҳоҷиронро аз Бужаниново берун бурданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button