ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ҲАЛОКАТИ МОТОСИКЛРОНИ 15-СОЛА ДАР ҚАЗОҚОБОД ВА АВБОШӢ ДАР КӮЧАИ ШЕСТОПАЛОВ

Рӯзи 28-уми декабр, соати 13:40, бар асари ба мошини боркаши тамғаи “ГАЗ-52” бархӯрдани як мотосикл дар ҳудуди деҳаи Қазоқободи ноҳияи Ҷ.Балхӣ, ронандаи ноболиғи мотосикл, Пармонов Абдурасул, соли таваллудаш 2007 дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

хххххххххххххххххххххххх

Ҷавони 23-солаи сокини шаҳри Душанбе ба он гумонбар мешавад, ки шоми 27 декабр, соати 19:30 дар кӯчаи Шестопалови пойтахт бо як ҳамсоли худ муноқиша карда,  бо корд ба қисмати чапи қафаси синааш задааст. Дар натиҷа, ҷабрдида дар беморхона бистарӣ гардидааст.


Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз рӯзи 29.12.2022

Ҳалокати мототсиклрони ноболиғ дар садама

005

28-уми декабри соли 2022, тахминан соати 13:40, ҳангоми дар ҳудуди деҳаи Қазоқободи ноҳияи Ҷ.Балхӣ  ҳаракат кардани ронандаи мошини тамғаи “ГАЗ-52”, Файзов Пулот Сайфуллоевич, соли таваллудаш 1963, сокини ноҳияи Ҷ.Балхӣ, аз самти муқобил мототсикли бе рақами қайди давлатӣ, ки таҳти идораи ноболиғ, Пармонов Абдурасул Аҳмадович, соли таваллудаш 2007 қарор дошт, аз уҳдаи идораи мототсикл набаромада, ба ин мошини боркаш бархӯрдааст. Дар натиҷа, ноболиғ Пармонов А.А. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

 Аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

Ҳар сол бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон то 400 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 1200 тани дигар маъюб мешаванд. Бино ба охирин маълумоти ВКД, дар 6 моҳи аввали соли 2022 дар Тоҷикистон 482 садама рӯй додааст. Дар ин садамаҳо 180 нафар ба ҳалокат расида ва 509 нафар ҷароҳат бардоштаанд. 

Худро ва азизони худро эҳтиёт кунед!

Ошкор шудани ҳолати авбошӣ

003

Ба ШВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ бо ариза ҷавони 23-солаи сокини шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст, ки шоми 27-уми декабри соли 2022, тахминан соати 19:30, ҳангоми дар кӯчаи Шестопалови пойтахт қарор доштанаш, шахси номаълум аз ҳиссиёти авбошӣ бе ягон асос бо ӯ ҷангу ҷанҷол намуда, бо корд ба қисмати чапи қафаси синааш 1 маротиба задааст.
Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Зимни баргузор намудани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 23-солаи сокини шаҳри Душанбе, бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир гардида, аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button