ВидеоМинтақа ва ҷаҳонСиёсат

ПУТИН БА ҲАР ПРЕЗИДЕНТИ СНГ АНГУШТАРӢ ТУҲФА КАРД (АКС)

Раисҷумҳури Русия Влодимир Путин рӯзи 26-уми декабри соли 2022дар ҷараёни нишасти ғайрирасмии сарони кишварҳои муштаркулманофеъ (СНГ), ба раҳбарони ин кишварҳо ангуштарии тиллоӣ тӯҳфа кардааст.

Дар ин нишаст президенти Белорусия Александр Лукашенко, президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев, президенти Қазоқистон Қосим Жормат Тоқаев, президенти Қирғизистон Содир Ҷаъфаров, президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, президенти Туркманистон Сардор Бердимуҳаммадов, президенти Ӯзбакистон Шавкат Мирзиёев ва сарвазири Арманистон Никол Пашинян иштирок карданд. 

Аз иштирокчиёни нишаст танҳо президенти Белорусия Александр Лукашенко ангуштариро ба ангушти худ андохта, яктои онро Путин барои худ низ нигоҳ доштааст.

Чигуна, ки дар аксҳои нашршуда дида мешавад, ангуштарӣ аз тиллои сафед ва зард сохта шудааст ва дар он рамзи Иттиҳоди давлатҳои мустақил (СНГ), навиштаи “С новым годом 2023” ва РОССИЯ  ҳаккокӣ гардидааст.

Ин тӯҳфаи Путинро корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ба 9 ангуштарии қудрат дар асари машҳури Ҷон Толкиэн “Султони ангуштариҳо”  муқоиса кардаанд. Дар ин асари ӯ қаҳрамон барои ғулом кардани мардум 9 ангуштарӣ сохта буд. Бисёриҳо Путинро низ барои ин туҳфааш “Султони ангуштариҳо” ё “Властелин колец” номидаанд.

Вохӯрии ғайрирасмии сарони кишварҳои узви созмони Иттиҳоди давлатҳои мустақил рӯзҳои 26-27-уми декабри соли 2022 дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия баргузор гардид. 

Аз ин қабл 7-уми октябри соли 2022 низ сарони кишварҳои узви созмони Иттиҳоди давлатҳои мустақил дар рӯзи ҷашни зодрӯзи Путин  дар Петербург ҷамъ шуда буданд. Он вақт Лукашенко ба Путин трактор ва президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон чанд мошин мева туҳфа оварда буданд.

Кремл баъдан хабар дод, ки меваҳои овардаи Эмомалӣ Раҳмонро бо супориши Путин ба 7 мошин бор карда, байни 7 ятимхонаи шаҳри Петербург тақсим кардаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button