ВидеоИқтисодКоррупсияНомаҳо ба президент

“МАҒОЗААМРО БАСТАМ. АЗ ДАСТИ КОРМАНДИ ПРОКУРАТУРАИ КӮЛОБ ИСМОИЛИ ЗАРИФ…”

Чанд рӯз пеш Рустам Одинаев, як соҳибкори 35-сола аз шаҳри Кӯлоб бо нашри як матлаб дар шабакаҳои иҷтимоӣ эълон кард, ки “аз 9 декабри соли 2022 cap карда ман соҳибкориамро  дар шаҳри Кӯлоб қатъ кардам. Аз дасти корманди прокуратураи шаҳри Кӯлоб Исмоили Зариф И. дигар ба соҳибкорӣ машғул намешавам”.

Рустам Одинаев ҳамин тавр, бо ирсоли як нома ба президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз бедодгарии кормандони мақомоти шаҳри Кӯлоб, бавижа ҳамин корманди прокуратура Исмоили Зариф, нисбат ба соҳибкорони маҳаллӣ шикоят карда, навиштааст, Исмоили Зариф “аз рӯи хусумат” ӯро барои чанд маҳсулоти муҳлати истифодааш гузашта ба маблағи 6 ҳазор сомонӣ  ҷарима баст ва ӯ маҷбур шуд, ки аз бонк қарз гирифта, ин ҷаримаро пардохт кунад.

Рустам Одинаев навишт, чунин муносибати бад боис шуд, ки соҳибкориро дигар пурра қатъ кунад.

“Нисбати мо парвандаи ҷиноятӣ оғоз кард, болои ин доғи судӣ гирифтем ва боз ҷарима карданд. Гӯё ки ман ҷинояткор ҳастам. Ман дар як сол ба давлат то 13 ҳазор сомонӣ ба фоидаи давлат пардохт мекардам. Аммо ман соҳибкориамро қатъ кардам аз дасти чунин корманд,  ки ба мо зарар расонид. Танҳо ба ман не, ба давлат ҳам зарари худро расонид. Агар чунин корҳо давом кардан гирад, зарбаи сахт ба иқтисодиёти давлат мебошад…”– навиштааст Рустам Одинаев дар номааш ба президент.

Ӯ дар номааш аз Эмомалӣ Раҳмон хостааст, Исмоили Зарифро, ки ҳоло дар додгоҳи шаҳри Кӯлоб кор мекунад, барои ин “зараррасониаш” аз кор бигирад.

Зоҳиран то ба дастгоҳи президент рафтани баҳси ин қазия боис шуд, ки додситонии шаҳри Кӯлоб рӯзи 26 декабри соли 2022 ба қазияи Рустам Одинаев расман вокуниш кунад. Дар ин вокуниш, ки дар сомонаи расмии Додситонии кулли Тоҷикистон нашр шуд, прокуратураи Кӯлоб менависад, ки

Одинаев Рустам Мирзохонович, санаи таваллудаш 22.10.1987, сокини шаҳри Кӯлоб, маҳаллаи Борбад, қаблан бо ҳукми суди шаҳри Кӯлоб аз 13 марти соли 2013 бо моддаи 209, қисми 1 КҶ ҶТ (барои фурӯши маҳсулотҳои хӯроквории муҳлати истеъмолашон гузашта, ки ба талаботи бехатарӣ барои ҳаёт ё саломатии истеъмолкунандагон ҷавобгӯ набуда) суд шуда, ба ӯ ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 1 солу 4 моҳ, бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли визифаҳои вобаста ба соҳаи савдо ба муҳлати 1 сол таъин карда шудааст.

Вале, менависад прокуратура, Одинаев Р.М. ба худ хулосаи зарурӣ набароварда, боз ба ҷинояти нигоҳ доштани маҳсулоте, ки ба талаботи бехатарӣ ҷавоб намедиҳад, даст задааст.

Чунончӣ, ӯ аз моҳи январи соли 2021 дар асоси патент дар бораи ҳуқуқи амалӣ гардонидани фаъолияти соҳибкории инфиродӣ ба сифати соҳибкори инфиродӣ дар мағозаи хӯрокворӣ, воқеъ дар суроғаи шаҳри Кӯлоб, маҳаллаи Борбад фаъолият карда,  07.12.2021 сол дар вақти санҷиш муайян карда шудааст, ки дар мағозаи болозикр, бо мақсади ба даст овардани фоида маҳсулотҳои хӯрокворӣ, аз қабили оби ташнашикани «Sprite» дар зарфи пластикии 1л 13 дона, нархи 1 ададаш 7 сомонӣ ҷамъ 91 сомонӣ, равғани тухми офтобпараст «Маслава» дар зарфи пластикии 0,87л 11 дона, 1 ададаш 25 сомонӣ, ҷамъ 275 сомонӣ, йогурт «Сочный микс» 420гр 1 дона 10 сомонӣ, оби энергетикии «Adrenaline» 0,25л, 1 дона 9 сомонӣ, кулчақанди «Фаровон» 250гр 17 дона, нархи 1 ададаш 4 сомонӣ ҷамъ 68 сомонӣ, кетчуп “Гулшан -2010” 500гр 5 дона, 1 ададаш 6 сомонӣ ҷамъ 30 сомонӣ, хурмо “Бэраянт финики” 100гр 6 дона, 1 ададаш 12 сомонӣ ҷамъ 72 сомонӣ, қаймоқи “Хуросон” 30% 2 дона, 1 ададаш 5 сомонӣ, ҷамъ 10 сомонӣ, сметана хуросон 25% 3 дона, 1 ададаш 4 сомонӣ, ҷамъ 12 сомонӣ,   coffee «Hot Drops» 8 дона, 1 ададаш 14 сомонӣ, ҷамъ 112 сомонӣ ва ғайра, ҷамъи умумӣ ба маблағи 1046 сомонӣ, ки муҳлати истеъмолиашон гузашта ва ба талаботи бехатарӣ барои ҳаёт ва саломатии истеъмолкунандагон хатарнок бударо дар мағоза нигоҳ дошта, ба истеъмолкунандагон ба фурӯш баровардааст.

Бино ба иттилоияи расмӣ, ҳолати мазкур санаи 07.12.2021 сол аз тарафи ёрдамчии калони прокурори шаҳри Кӯлоб Исмоили З.И. ошкор карда, маводи санҷишӣ барои қабул намудани қарори қонунӣ ба самти тафтишоти  прокуратура вогузор гардида, ниҳоят  нисбати Одинаев Р.М. бо моддаи 209 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз, тафтиш  карда  бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба суди шаҳри Кӯлоб ирсол карда шудааст.

Минбаъд, бо ҳукми суди шаҳри Кӯлоб аз 13 январи соли 2022 Одинаев Р.М. бо моддаи 209 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ бо ҳамин қисми модда ва бо татбиқи моддаи 63 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи 100 (сад) нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 6000 сомонӣ ба фоидаи давлат бидуни маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян таъин карда шудааст.

Додситонӣ мегӯяд, гуноҳи маҳкумшуда Одинаев Р.М. дар содир намудани ҷинояти номбаршуда бо нишондодҳои шоҳидон, хулосаи коршиносон ва дигар далелҳои раднашаванда исботи худро ба пуррагӣ ёфтааст.

Ба болои ин,  26 майи соли 2022 аз тарафи суди шаҳри Кӯлоб пешниҳоди иҷрочии Хадамоти иҷро дар шаҳри Кӯлоб  оид ба иваз намудани ҷазои ҷарима бо ҳукми суд бинобар саркашӣ кардани маҳкумшуда  аз адои ҷазои ҷарима баррасӣ гардид, вале Одинаев ба додгоҳ расид дар бораи пардохти ҷаримаш ба маблағи 900 сомониро пешниҳод кардааст, ки дар натиҷа, дархости судиҷрочӣ нисбати маҳкумшуда Одинаев Р.М. рад карда шудааст.

Ҳамчунин маҳкумшуда Одинаев Р.М. мувофиқи расиди аз 03.06 соли 2022 маблағи 600 сомонӣ ва расиди аз 07.09 соли 2022 маблағи 1500 сомонӣ барои ҷаримаи таъингардида пардохт намудааст.

Боқимонда маблағи ҷаримаи таъингардида ба миқдори 3000 сомонӣ ва маблағи 300 сомонӣ ба фоидаи фонди иҷро то санаи 10.12.2022 сол аз тарафи иҷрочии Хадамоти иҷро дар шаҳри Кӯлоб рӯёнида шудааст.

Прокуратураи Кӯлоб иддао дорадл, ки ин ҳама гувоҳи онанд, ки “ваҷҳҳои дар мақола овардаи  Одинаев Р.М.  беасос буда, муаллифи мақола бо ин тарз мехост худро  тариқи расонаҳо   “ мусичаи бегуноҳ “ пиндорад, вале бояд дарк намояд, ки  барои  ҳар як кирдори ғайриқонунӣ  дар назди қонун бояд  ҷавоби сазовор  гуфт”.

Вале Рустам Одинаев мегӯяд, корманди прокуратураи Кӯлоб танҳо барои “натиҷа” нисбат ба вай парванда кард. Ӯ мегӯяд, маҳсулоте, ки прокурор Исмоили Зариф гӯё ёфту санад кард, дар асл “чанд пичину вафлие буд, ки барои баргардонидан ҷудо карда шуда буд ва дар савдо набуд”.

Рустам Одинаев мегӯяд, чунин бархӯрд нисбат ба соҳибкорон барои “чанд пичину вафли” аҳли тиҷоратро рӯҳафтода ва дилсард мекунад ва ӯ ҳам он қадар дилшикаста шуд, ки дари мағозаашро баст ва аз идомаи соҳибкорӣ дасту дил шуст. “Фақат ҳамин як коргари прокуратураи Кӯлоб ба ман беш аз 7 ҳазор сомонӣ зарар расонд. Бо харҷҳои дигар дар умум қариб 15 ҳазор сомонӣ зарар кашидам ва қарздор шудам. Ҳоло дигар бекорам ва намедонам, ки чӣ кор кунам ва пули ҷаримаро аз куҷо бисупораму оилаамро аз куҷо таъмин кунам?” – гуфт ӯ.

Коршиносон мегӯянд, ба ҷуз аз маҳсулоти зудвайроншаванда, барои боқӣ маҳсулот муҳлати истифода, ки дар қуттияш нишон дода мешавад, дар асл танҳо муҳлати тавсиявии истифодаи ин маҳсулотро дар назар дорад ва гузаштани ин муҳлати тавсиявӣ ба маъное нест, ки он маҳсулоти комилан ғайри қобили истеъмол ё ғайри қобили истифода шуда бошад.

Лозим ба ёдоварист, ки дар бисёре аз кишварҳои пешрафтаи ҳатто Аврупо, аз ҷумла дар Чумҳурии Чех, шабакаи мағозаҳое амал мекунанд, ки бо нархи нисбат ба мағозаҳои маъмулӣ хеле арзонтар сирф маҳсулоти муҳлати истеъмолаш гузаштаро мефурӯшанд.

Ва барои “чанд пичину вафли” чунин ҷазои сахт додани соҳибкорон ва он ҳам ба далелҳои илман собитнашуда, ба ақидаи иқтисоддонҳо, ҷазое беш аз ҳад ба назар мерасад.

АКСҲОИ МАҒОЗАИ БАСТАШУДАИ РУСТАМ ОДИНАЕВ:

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button