ВидеоМуҳоҷиронҲодиса

ҲАМЛАИ МУСАЛЛАҲОНА БА МУҲОҶИРОНИ ТОҶИК ДАР ВИЛОЯТИ ЛЕНИНГРАД

Шоми 26 декабри соли 2022 дар шаҳраки Свирстройи ноҳияи Лодейное Поле дар вилояти Ленингради Русия як гуруҳи коргарони сохтмон аз Тоҷикистон мавриди ҳамлаи мусаллаҳона қарор гирифтаанд. Ду марди ношинос ба тарафи коргарони тоҷик, ки ба дуруст кардани дару девори як хонаи навбунёд дар кӯчаи Клинтсовая Кара машғул буданд, як шиша бо маводи сӯхтро даргиронда, ҳаво додаанд ва ҳамчунин се тир холӣ кардаанд. Ҳанӯз маълум нест, ки оё ҳадафи ин ҳамлаи мусаллаҳона муҳоҷирони тоҷик буданд ё ҳамлагарон бо ин роҳ мехостанд соҳиби он хонаро битарсонанд?

Бино ба иттилои дарёфтии сомонаи маҳаллии 47news.ru, тақрибан соати нӯҳи шаби 26 декабр ба пулис як шоҳиди ҳодиса, посбони яке аз биноҳо дар кӯчаи Клантсовая Кара занг зада, хабар додааст, ки дар ин кӯчаи шаҳраки Свирстрой тирпарронӣ сурат гирифтааст. Ба гуфтаи ин шоҳид, ду мард як шиша бо маводи сӯхтро оташ дода, сипас аз силоҳ чанд тир кушодаанд.

Кормандони пулис дар ҷои ҳодиса се шаҳрванди Тоҷикистонро, ки якe 33, дуюмӣ 28 ва сеюмӣ 41 сол доштанд, дидаанд. Онҳо ба пулис баёнот додаанд, ки дар ин ҷо ба таъмири бинои навбунёд машғул буданд ва тақрибан соати 21 ду нафари ношинос ба бино наздик шуда, як шишаи маводи сӯхтро даргиронда, ба тарафи онҳо ҳаво доданд ва ҳамлагари дуюм аз силоҳаш се тир андохт.

Кормандони пулис аз ҷои ҳодиса як бакляжкаи сӯхта ва се гилзаи қутрашон 9 миллиметрро пайдо кардаанд. Нашрияи дигари маҳаллии “Новости Ленобласти” хабар дод, ки тирҳои дар рӯи барф ёфтшуда аз туфангчаи травматикӣ будаанд.

Пулис ба таҳқиқи ин қазия идома медиҳад ва ҳоло масъалати кушодани парвандаи ҷиноятӣ дар робита ба ин ҳодиса дар дасти баррасӣ қарор доштааст.

Кӯчаи Клинтсовая Кара дар соҳили дарёи Свир ҷойгир шуда,шаҳраки Свирстрой дар соҳили ин дарё ва дар наздикии кӯли Ладога, тақрибан дар 245-километрии шимолу шарқи шаҳри Санкт-Петербург ҷойгир шудааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button