ВидеоНомаҳо ба президентҲодисаҶомеа

МАРГИ САРБОЗ ДАР ЗЕРИ ЧАРХИ МОШИНИ КОРМАНДИ АМНИЯТ ДАР РАШТ

Шаби 12 ба 13-уми декабри соли 2022, тахминан байни соатҳои 22 ва 23, дар натиҷаи як садамаи нақлиётӣ Идиев Наҷибулло Неъматович, соли таваллудаш 1999, сарбози қисми низомии 0211, воқеъ дар деҳаи Боғистони ҷамоати деҳоти ба номи Боқӣ Раҳимзодаи ноҳияи Рашт дар роҳ ба самти Донишкадаи омӯзгории Рашт дар назди бинои тарабхонаи “Субҳи Рашт” дар зери чархи мошини сабукрави тамғаи Opel Astra G монда, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошт.

Наҷибуллоро дар ҳолати вазнин ба беморхонаи марказии ноҳияи Рашт, воқеъ дар шаҳраки Ғарм интиқол доданд. Табибон барои наҷоти ҷони ин сарбози ҷавон то охир мубориза бурданд, вале мутаассифона, натавонистанд, ки ӯро аз чанги аҷал наҷот диҳанд. Наҷибуллои аз сад гули умраш як гулаш ҳам ношукуфта дар бемористон ҷон дод.

Ҷанозаи Наҷибуллои ҷавонмаргро рӯзи 14-уми декабр дар зодгоҳаш: деҳаи Қазноқи ҷамоати Нусратулло Махсуми ноҳияи Рашт ба хок супурданд.

Марҳум Идиев Наҷибулло коллеҷи тиббии ноҳияи Раштро хатм карда, баъди аз ҳамсари аввалаш ҷудо шудан дар давоми хизмати аскарӣ тоза аз нав оиладор шуда буд. Ӯ дар даъвати баҳории соли 2022 ба хидмати артиш ҷалб шуда, дар қисми низомии 0211 дар деҳаи Боғистон ба ҳайси табиб хидмат мекард.

Сабаби дар он нисфи шаб 35 километр дур аз маҳалли хидматаш зери чархи мошин мондани ин сарбоз ҳанӯз норӯшан боқӣ мемонад.

Бино ба иттилои дарёфтӣ, ронандаи мошини Opel Astra G, ки сарбозро пахш кард, Сорбон ном корманди раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ (КДАМ) дар минтақа ва ноҳияи Рашт аст. Ин идора ин қазияро расман ягон шарҳ надодааст.

Бо гузашти як ҳафта ягон расона низ дар бораи садамаи шаби 12 ба 13 декабр дар ноҳияи Рашт хабаре нашр накардааст. Ин ҳам маълум нест, ки оё дар робита ба марги ин сарбоз парванда кушода шудааст ва оё касе ба ҷавобгарӣ кашида мешавад?

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button