Хабарҳои кӯтоҳ

ҲАЛОКАТИ ПИЁДАГАРДИ ШАХСИЯТАШ НОМАЪЛУМ ДАР КӮЧАИ МАСТОНГУЛОВИ ПОЙТАХТ

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки субҳи 16-уми декабри соли 2022, тахминан соати 06:55, ронандаи мошини тамғаи “Хендай-Старекс”, Мададов Алишер Одилович, соли таваллудаш 1986, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат дар кӯчаи Мастонгулови пойтахт, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди шахсияташ номаълумро мезанад. Дар пайи ин, пиёдагард боз ба мошини тамғаи “Нексия”, таҳти идораи Нурмаҳмадов Аҳмадбек Боймаҳмадович, соли таваллудаш 1992, сокини ноҳияи Рӯдакӣ бархӯрда, сипас ба замин афтидааст. ВКД гуфт, дар натиҷаи ин садама, ин пиёдагард ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
ВКД гуфт, чорабиниҳои фаврию ҷустуҷӯӣ барои муайян намудани шахсияти пиёдагард ҳанӯз идома дорад.

Ҳар сол бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон то 400 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 1200 тани дигар маъюб мешаванд. Бино ба охирин маълумоти ВКД, дар 6 моҳи аввали соли 2022 дар Тоҷикистон 482 садама рӯй додааст. Дар ин садамаҳо 180 нафар ба ҳалокат расида ва 509 нафар ҷароҳат бардоштаанд. 

Худро ва азизони худро эҳтиёт кунед!

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button