ВидеоИқтисод

НАХУСТИН ПАРВОЗИ “СОМОН ЭЙР” АЗ ДУШАНБЕ БА ИСЛОМОБОД

 “Сомон Эйр”, ягона ширкати ҳавопаймоии фаъоли Тоҷикистон, рӯзи 13 декабри соли 2022 нахустин парвозро аз Душанбе ба Исломобод анҷом додааст.

Хадамоти матбуотии ширкат рӯзи 14 декабр хабар дод, ки дар ояндаи наздик дар доираи барномаи тавсеаи шабакаи парвозҳояш, «Сомон Эйр» тасмим дорад, ки парвозҳои мунтазамро ба Ҷумҳурии Исломии Покистон роҳандозӣ намояд, ки ин, ба ақидаи “Сомон Эйр”, барои рушди муносибатҳои дуҷонибаи кишварҳо такони нав хоҳад дод.

 Соли ҷорӣ аз барқарории муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон 30 сол пур шуд ва ифтитоҳи хатсайри мустақим дар ин соли фархунда басо рамзӣ буда, бевосита ба таҳким ва тавсеаи ҳамкориҳо дар бахшҳои фарҳанг, иқтисоду тиҷорат ва рушди сайёҳӣ мусоидат хоҳад кард, гуфта мешавад дар иттилоия.

Зикр шудааст, ки  Душанбе ва Исломобод фарқияти замонӣ надошта, дар як минтақаи соатӣ қарор доранд, ки ин албатта, барои мусофирон хеле қулай мебошад. Тӯли парвоз аз Душанбе то Исломобод 90 дақиқа буда, парвозҳо тавассути ҳавопаймоҳои бароҳати Boeing 737 – 800/900 сурат мегиранд.

 Ширкати “Сомон Эйр” аз соли 2008 дар бозори байналмилалӣ фаъолият дошта, узви Ассотсиатсияи байналмилалии нақлиёти ҳавоӣ (IATA) мебошад. Парки ширкати “Сомон Эйр” аз ҳавопаймоҳои Boeing 737-800 ва 737-900 иборат аст. Феълан “Сомон Эйр” парвозҳои мунтазамро аз Тоҷикистон ба Олмон, Амороти Муттаҳидаи Араб, Туркия, Ҳиндустон, Русия, Қазоқистон ва Узбекистон медиҳад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button