ВидеоМуҳоҷиронҲодиса

ҶАСАДҲОИ СЕ ТОҶИКРО АЗ ЯК ХОНА ДАР ВИЛОЯТИ МАСКАВ ПАЙДО КАРДААНД (ВИДЕО)

Сарраёсати тафтишоти вилояти Маскави Русия шоми 13 декабри соли 2022 хабар дод, ки шуъбаи тафтишоти шаҳри Раменское дар робита ба ёфт шудани ҷасадҳои се шаҳрванди яке аз кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла як кӯдаки чорсола, бар асоси қисми сеюми моддаи 109 Кодекси ҷиноятии Русия бо иттиҳоми аз беэҳтиётӣ ба ҳалокат расондани беш аз ду нафар парвандаи ҷиноятӣ кушодааст.

Додситонии вилояти Маскав хабар дод, ки рӯзи 13 декабр “дар як хонаи хусусӣ дар деҳаи Прудки ҷасадҳои ду нафари калонсол ва як кӯдаки чорсоларо бе аломатҳои марги маҷбурӣ пайдо кардаанд. Боз як марди осебдидаро бистарӣ кардаанд”.

Дар ҳоле ки мақомоти тафтишотӣ аз ифшои шахсияти қурбониён ва тафсилоти ҳодиса худдорӣ мекунанд, матбуоти Русия хабар дод, ки ҳар се нафари ҳалокшуда шаҳрвандони Тоҷикистон ва марди бистаришуда шаҳрванди Хитой буда, онҳо бар асари нафас кашидани дуди газ ҷон додаанд. Фоҷиа дар шаҳраки коттеҷҳои “Европейский квартал” дар деҳаи хурди Прудки дар ноҳияи Раменскоеи вилояти Маскав рух додааст.

Прудки аз канораҳои ҷанубушарқии Маскав тақрибан 27 километр дур буда, дар ҳудуди 30километрии ғарби шаҳри Раменское ҷойгир шудааст.

Гуфта мешавад, хонаеро, ки ин ҳодисаи фоҷиавӣ рух дод, ягон чор сол пеш як соҳибкори сарватманд аз Хитой сохта буд, вале вақтҳои охир ӯ ба Хитой баргашта буд ва дар ин коттеҷ танҳо афроди масъули нигоҳубини он, ки шаҳрвандони Тоҷикистону Хитой буданд, ба сар мебурданд. Нашрияи “МК” хабар дод, ки дар Прудки шабакаи умумии гармидиҳӣ нест ва хонаи соҳибкори хитоиро бо балони газ гарм мекарданд. Зоҳиран шабона аз балон газ хориҷ шуда, хонаро пур кардааст ва онҳое, ки онҷо буданд, аз нафас кашидани газ заҳролуд шудаву ҷон бохтаанд.

 также сообщает, что в поселке нет централизованного газоснабжения, и обогрев дома производился с помощью газовых баллонов. По всей видимости, ночью произошла утечка, из-за чего газ заполнил помещение, и люди, находившиеся внутри, задохнулись.

Нашрияи маҳаллии Чехов-Вид хабар дод, ки шаҳрванди Хитой Лю Чен, ки 41 сол дошт, бо вуҷуди таъсири газ тавонистааст ба худ биояд ва ба “Ёрии таъҷилӣ” занг бизанад. Ҳоло табибон барои наҷоти ҷони ӯ талош доранд.

Ин нашрия исми қурбониёни ин фоҷиа аз Тоҷикистонро низ нашр кардааст. Бино ба маълумоти Чехов-Вид, ҳалокшудагон яке Далер А. (27-сола), дуюмӣ Шоира Р. (23-сола) ва тифли ҳалокшуда Умигулсун П. (4-сола) будаанд.

Ва аммо дар ҳоле ки чанд расона ҳарсе қурбониро аз як оила: Далеру Шоираро зану шавҳар ва кӯдаки ғӯррамаргшударо фарзанди онҳо мехонанд, хабаргузории ТАСС  бо такя ба манобеи худ хабарт дод, ки марди тоҷики ҳалокшуда ба ҳайси тарҷумони соҳибкори хитоӣ кор мекард ва бо зани ҳалокшуда иртиботи хешутаборӣ надошт. “МК” ҳам навиштааст, ки зани ҳалокшуда 40 сол дошт ва марди тоҷик 27 сол.

Ин алакай дуюмин ҳолати марги фоҷиавии муҳоҷирони тоҷик дар Русия дар рӯзҳои охир аст.

Рӯзи 6 декабри соли 2022 бар асари сӯхтор дар як хонаи бому девораш чӯбин дар хутор ё деҳаи Усмани ноҳияи Багаевои вилояти Ростови Русия ду кӯдаки хурдсоли як оилаи муҳоҷирони тоҷик – духтарчаи дусола ва писарчаи панҷсола ҷон бохтаанд. Хутори Усман тақрибан дар 60-километрии шарқи шаҳри Ростови лаби Дон ҷойгир шудааст. Дар инҷо ҳамагӣ 100 нафар зиндагӣ мекунанд.

Бино ба иттилои нашрияи маҳаллии Donday, дар он рӯзи наҳс падару модари ин ду кӯдаки ғӯррамарг, ки падарашон 33 солу модарашон 27 сол доштаанд,  кӯдакони худро дар хона танҳо гузошта, барои дуруст кардани ҳуҷҷатҳояшон ба маркази муҳоҷирон рафтаанд. Онҳо тоза аз Тоҷикистон омада, ин хонаи чӯбинро дар кӯчаи Донская ба иҷора гирифта буданд ва худро дар идораи муҳоҷират сабти ном карда, акнун аз пайи гирифтани патент ва ҷустуҷӯи кор будаанд.

Нимаи дуюми рӯзи 6 декабр, тақрибан соати 16, хонаи онҳо ногаҳон даргирифтааст. Кӯдакони оҷиз, ки дар хона танҳо монда буданд ва худро наҷот дода натавонистанд, дар оташ нобуд шудаанд…

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button