ВидеоМуҳоҷиронҲодиса

ДУ ҶАВОНИ ТОҶИК ДАР ПЕТЕРБУРГ АЗ ҚАБАТИ 13-УМИ БИНО БА ШАХТАИ ЛИФТ АФТОДААНД

Дар ноҳияи Василеостровский дар маркази шаҳри Санкт-Петербурги Русия ду коргар аз Тоҷикистон дар сохтмони як бино ҷон бохтаанд.

Шоми 13 декабри соли 2022, тақрибан соати 18:00 ба рақами хадамоти 112 занг зада, дар бора ба шахтаи лифт афтодани ду нафар дар сохтмони як бино дар ин қисмати Петербург хабар додаанд. Кормандони пулис ба ҷои ҳодиса омада, ҷасадҳои ду шаҳрванди Тоҷикистонро пайдо кардаанд. Якеи онҳо 25 ва дуюмӣ 29 сол доштаанд. Бовар меравад, ки онҳо аз қабати 13-уми бино ба шахтаи лифт афтода, дар ҷои ҳодиса ҷон додаанд.

Касе лаҳзаи афтодани ин ду коргарро надидааст. Дар он сохтмон видеокамераҳои назоратӣ нест. Қазияро Кумитаи тафтишот таҳқиқ мекунад. Ҳоло масъалаи кушодани парвандаи ҷиноятӣ дар дасти баррасӣ қарор дорад.

Бино ба иттилои хабаргузории маҳаллии “Оперативное прикрытие” (сомонаи “Конкретно.Ру”), ҷавони тоҷики 25-сола ҳанӯз зимистони соли 2020 ба Русия омада буд ва муҳлати сабташ дар идораи муҳоҷират тоза ду ҳафта пеш ба поён расида буд. Муҳоҷири тоҷики 29-сола боҳад аз поёни соли 2021 инак як сол боз дар Русия қарор доштааст.

Сомонаи “Блокнот.Ру” менависад, сохтмоне, ки ин ду коргари тоҷик ҳалок шуданд, дар заминҳои соҳилии ҷазираи Василевский ҷойгир шудаанд. Ин заминҳо аз ҳисоби маҷрои дарё ба вуҷуд омадаанд ва ҳоло як минтақаи ояндадор барои бозори сохтмони Петербург ба шумор мераванд. Ибтидо қарор буд, дар инҷо маркарзшои тиҷоратӣ ва биноҳои осмонбӯс бисозанд, вале баъдан ба сохтани биноҳои истиқоматӣ бартарӣ доданд. Ҳоло дар ин ҷо чандин ширкати сохтмонӣ кор мекунанд ва интизор меравад, то поёни соли 2023 дар ин қисмати ҷазираи Василевский барои 35 ҳазор нафар манзилҳои нав қомат биафрозанд. Вале бархе сокинон мухолифи сохтани биноҳои баландошёна дар заминҳои нави ҷазираи Василевский будаанд.

Дар рӯзҳои охир аз Русия алакай чанд хабари марги муҳоҷирони тоҷик дар ҳодисаҳои нохуш ба даст расиданд.

Аз ҷумла рӯзи 13 декабр се муҳоҷири тоҷик (марду зан ва як кӯдаки чорсола) дар натиҷаи ихроҷи газ дар як хона дар деҳаи Прудкии ноҳияи Раменское дар вилояти Маскав ҷон дода, ҳафтаи гузашта, рӯзи 6 декабри соли 2022 бар асари сӯхтор дар як хонаи бому девораш чӯбин дар хутор ё деҳаи Усмани ноҳияи Багаевои вилояти Ростови Русия ду кӯдаки хурдсоли як оилаи муҳоҷирони тоҷик – духтарчаи дусола ва писарчаи панҷсола ғӯррамарг шуданд. Падару модари онҳо дар он рӯзи наҳс барои таҳияи ҳуҷҷатҳояшон ба маркази муҳоҷирон рафта будаанд.

Ҳамчунин ҳафтаи гузашта дар шаҳри Петербург ду тифли хурдсол аз ду оилаи муҳоҷирони тоҷик қурбони зуком шуданд.

Ҳар сол беш аз як миллион нафар, ё тақрибан нисфи аҳолии қобили кори Тоҷикистон барои таъмини зиндагии хонаводаҳои худ ба хориҷ ва асосан ба Русия ба мардикорӣ мераванд. Ҳар сол дар Русия ба иллатҳои гуногун то 1000 нафар аз муҳоҷирони тоҷик, аксаран дар синни ҷавон, ба зиндагӣ падруд мегӯянд. Яъне ҳар рӯзи муҳоҷират дар Русия ҷони то се муҳоҷири тоҷикро мегирад…

Фалокатҳо дар ҷои кору зист аз сабабҳои умдаи маргумири муҳоҷирони тоҷик дар Русия дониста мешавад.

Худованд равони ҳамаи муҳоҷирбачаҳои тоҷики шаҳидшударо шод гардонад!

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button