ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

СУБҲИ 13 ДЕКАБР БОЗ ЯК ЗАМИНЛАРЗА ТОҶИКИСТОНРО ТАКОН ДОД

Бино ба иттилои Пажуҳишгоҳи геология, сохтмони ба заминларза тобовар ва зилзилашиносии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, субҳи 13 декабри соли 2022, соати 06:05 ба вақти маҳаллӣ, дар қаламрави ҷумҳурӣ боз як заминларза сабт шудааст.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар дод, ки маркази офати табиӣ ҳамагӣ 14 километр ҷанубтари шаҳри Душанбе, дар қаламрави ноҳияи Рӯдакӣ ҷойгир шуда, шиддати заминларза дар марказаш, тибқи ҷадвали Рихтер, 3 балл ва дар Душанбе 2,5 баллро ташкил додааст. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда гуфт, хушбахтона, ин офати табиӣ ягон хисороту осеб  ба ҷо нагузоштааст.

Дар ҳамин ҳол, марказҳои байналмилалии зилзиланигорӣ хабар медиҳанд, ки субҳи 13 декабр, тақрибан соати 06:05 ба вақти Душанбе дар қаламрави Афғонистону Тоҷикистон як заминларза рух додааст, ки шиддаташ, тибқи ҷадвали Рихтер, 4,3 баллро ташкил медод. Бино ба иттилои пойгоҳи Еarthquaketrack.com, ки ҳар як заминларзаи дар саросари дунё рух додаро сабт ва гузориш мекунад, маркази ин заминларза дар қаламрави Афғонистон, дар 24–километрии шимолуғарби шаҳри Наҳрини вилояти Бағлон ҷойгир шуд буд.

Тоҷикистон дар як минтақаи зилзилахези қораи Осиё ҷойгир шуда, ҳар сол дар қаламраваш садҳо заминҷунбӣ сабт мешавад. Аз ҷумла марказҳои зилзиланигорӣ  дар як ҳафтаи охир дар қаламрави Тоҷикистон 7 заминларзаи шиддаташ тибқи ҷадвали Рихтер аз 1,5 балл зиёд,  дар як моҳи охир 26 заминларза ва дар як соли охир 203 заминларзаро сабт кардаанд.

Ёдовар мешавем, 10 июли соли 2021 бар асари заминларза дар водии Рашт (Қаротегин) дар шарқи Тоҷикистон 5 сокини ноҳияи Тоҷикобод, аксаран кӯдакон, ба ҳалокат расида, дар ин ноҳия ва ноҳияи Рашт беш аз 200 хона хароб шуданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button