ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ДУЗДИИ 21 ҚУТТӢ ТАМОКУ ДАР КӮЛОБ ВА 21 ТЕЛЕФОНИ МОБИЛ ДАР ДУШАНБЕ

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз ошкор шудани ду ҳолати дуздӣ дар шаҳрҳои Кӯлоб ва Душанбе ба маблағи дар умум беш аз 130 ҳазор сомонӣ, ё наздики 13 ҳазор доллар хабар дод.

Аз ҷумла ба ШВКД шаҳри Кӯлоб бо ариза марди 30-солаи сокини шаҳри мазкур муроҷиат намудааст, ки 10-уми декабри соли 2022, тахминан соати 19:30-дақиқа, шахсони номаълум тирезаи автомашинаи тамғаи “Опел”-ро, ки дар назди хонаи истиқоматиаш беназорат меистод, шикаста, аз дохилаш 12-адад қуттиҳои тамокуи гуногунтамғаро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 65 ҳазору 650 сомониро ташкил медиҳад.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ду ҷавони 18-солаи сокинони шаҳри мазкур ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуданд.
Ҳамчунин ба ШВКД-1 ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе бо ариза марди 23-солаи сокини ноҳияи Восеъ, муроҷиат намудааст, ки 9-уми декабри соли 2022, тахминан соати 02:00, шахси номаълум бо тариқи пинҳонӣ аз нуқтаи фурӯши телефонҳои мобилӣ 21-адад телефонҳои мобилии тамғаҳои гуногунро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Зарари расонидашуда 65 ҳазору 350 сомониро ташкил медиҳад.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 20-солаи сокини ноҳияи Муъминобод ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button