АфғонистонВидеоДин ва боварҳо

ДУ ҲАМЛАГАРИ МАРГТАЛАБ ДАР КОБУЛ ЗОДАГОНИ ТОҶИКИСТОН БУДААНД (ВИДЕО)

Созмони террористии “Давлати исломӣ” (ДОИШ) масъулияти ҳамлаи маргталабонаи рӯзи 12 декабри соли 2022 дар меҳмонхонаи бисёрқабатаи “Kabul Longan” дар пойтахти Афғонистонро ба дӯш гирифт ва гуфт, ин ҳамларо, ки дастикам 3 кушта ба ҷо гузошт, ду маргталаб анҷом доданд. ДОИШ гуфт, ҳардуи онҳо аз Тоҷикистонанд. Ба гуфтаи шоҳидон, рӯзи 12 декабр аз меҳмонхонаи “Kabul Longan”, ки аксари бошандагонаш соҳибкорони хитоиянд, садои чанд таркиш ва ҳам садои тирпарронӣ ба гӯш мерасид.

Исми маргталабон гуфта нашудааст ва мақомоти Тоҷикистон низ то кунун ин иддаои ДОИШ дар бораи даст доштани зодагони ин кишвар ба меҳмонхонаи Кобулро шарҳ надодаанд. Вале дар акси нашршуда дар саҳифаҳои марбут ба ДОИШ дар Интернет ду ҷавоне мунъакис шудаанд, ки якеаш айнакист ва ҳарду дар як даст пистолетро дошта, як ангушти дасти дигари худро ба нишони тавҳид (яккахудоӣ) боло бардоштаанд. Дар паҳлуи ҳар кадоми онҳо ҳамчунин маводи таркандаи барои истифода омодагардида дида мешуд.

ДОИШ дар изҳороташ гуфт, ду узви ин созмони террористӣ “ба меҳмонхонаи бузурге, ки дипломатҳо ва соҳибкорони Хитой дар Кобул онҷо зиёд меистанд, ҳамла оварда, ду халтаи пур аз маводи мунфаҷираро тарконданд”. ДОИШ гуфт, яке аз ин бомбҳо дар толори пазироии меҳмонхона тарконда шуд ва якеи дигар як шабнишинӣ бо иштироки соҳибкорони хитоӣ ва кормандони сафорати Хитой дар Кобулро ба ҳадаф дошт. Меҳмонхонаи “Kabul Longan” баъди бозгашти Толибон ба қудрат ба як макони асосии будубоши соҳибкорони Чин ё Хитой дар Кобул табдил ёфтааст.

Намояндаи пулиси Кобул гуфт, се ҳамлагар дар ҷои ҳодиса кушта ва якеи дигар дастгир шудаанд. Сухангӯи Толибон Забеҳуллоҳ Муҷоҳид низ дар Твиттер навишт: “Ҳамаи бошандагони меҳмонхона наҷот ёфтанд, ягон хориҷӣ кушта нашудааст. Танҳо ду меҳмони хориҷӣ ба далели инки худро аз тирезаи қабати болои меҳмонхона партофтанд, ҷароҳат бардоштаанд”.

Дар ҳамин ҳол, созмони ғайридавлатии Emergency NGO, қароргоҳаш дар Италия, хабар дод, ки ба бемористони ин созмон дар Кобул 21 захмиро овардаанд, ки се нафари онҳо ҷон бохтанд. Ин созмон аммо нагуфтааст, ки ҳалокшудагон афроди мулкӣ буданд ваё он се ҳамлагаре, ки мақомоти Толибон мегӯянд?

Хитой (Чин), ки бо Афғонистон 76 километр марзи мустақим дорад, ҳукумати нави Толибонро ба расмият нашинохтааст, вале аз ҷумлаи ангуштшумор кишварҳоест, ки ҳузури дипломатии худро дар ин кишвари ҷангзада пурра ҳифз карда, бо Толибон дар тамоси доимист.

Пекин хеле боз аз он хафв дорад, ки Афғонистон метавонад ба пойгоҳи ҷудоиталабони уйғур  табдил ёбад. Шумори зиёде аз ҷудоиталабони уйғур аз вилояти Шинҷон дар ғарби Хитой ба Афғонистон паноҳ бурдаанд.

Толибон баъди бозгашташон ба қудрат ваъда доданд, ки ба табдили дигарбораи Афғонистон ба паноҳгоҳи ҷангҷӯён иҷозат нахоҳанд дод. Дар иваз Хитой кумакҳои иқтисодӣ ва сармоягузориҳояш барои барқарор кардани Афғонистонро пешниҳод кардааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button