ВидеоДин ва боварҳоМуҳоҷирон

БА РАҲБАРИ ДОИШ БАЙЪАТ НАКАРД, ВАЛЕ ХАБАР ҲАМ НАДОД: ДОДГОҲИ МАСКАВ ЯК ҶАВОНИ ТОҶИКРО ҶАРИМА БАСТ

Додгоҳи ноҳияи Мешанскийи шаҳри Маскав рӯзи 13 декабри соли 2022 парвандаи устои барқи 21-сола аз Тоҷикистон Абдулло Раҳмоновро ба як тартиби вижа баррасӣ кард ва бо онки иттиҳоми зидди ин ҷавони тоҷик марбут ба ДОИШ буд, ӯро ба далели сидқан изҳри пушаймонӣ кардан ва ҳамкориаш бо тафтишот ҳамагӣ 40 ҳазор рубл ҷарима баст. Дар ин бора аз толори додгоҳ Алексей Соковнин, хабарнигори нашрияи русии “КоммерсантЪ” хабар дод.

Бино ба  гузориши Соковнин, Абдулло Раҳмонов ба мурофиаи додгоҳӣ худаш омад. Адвокат Надежда Федосеева гуфтааст,  азбаски иттиҳоми зидди ӯ сангин набуд, Абдулло Раҳмонов дар давраи тафтиши парвандааш таҳти забонхат ба шарти тарк накардани маҳалли зисташ дар озодӣ қарор дошт. Абдуллоро дар мурофиа бародараш, ки ӯ ҳам дар он манзили шум зиндагӣ мекарду дар мавриди даст доштан  надоштанаш ба фаъолиятҳои ифротӣ таҳти тафтиш қарор дошт, ҳамрошӣ мекард.

Дар оғози мурофиа додрас Ирина Горбулина аз Абдулло Раҳмонов пурсид, ки оё ӯ ба баррасии парвандааш бо тартиби вижа розист? Раҳмонов гуфт, ки розист.

Баъди ин намояндаи додситонӣ, далелҳои ҷамъовардаи тафтишотро ироа кард. Бино ба хулосаи тафтишот, Абдулло Раҳмонов моҳи июли соли 2021 аз Тоҷикистон барои муҳоҷирати корӣ ба Русия омада, ба ҳайси устои барқ кор мекард. Ӯ дар масҷиди ҷомеи Маскав бо Муҳаммад Бӯриев ном зодаи дигари Тоҷикистон шинос шуда, бо вай, ба гуфтаи тафтишот, “дар заминаи ҳамватанӣ ва ҳамдинӣ робитаҳои дӯстона барқарор кардааст”. Робитаҳое, ки дар ниҳоят сари Абдуллоро ба бало андохт.

20 январи соли 2022 Абдулло Раҳмонов ба манзиле кӯчид, ки Бӯриев ва се муҳоҷири дигари тоҷик иҷора менишастанд. Дар инҷо Бӯриев ба дӯсташ хабар додааст, ки ӯ тарафдори созмони террористии дар Русия мамнӯи “Давлати исломӣ” (ДОИШ” аст. Бӯриев ба Абдулло ҳам пешниҳод кардааст, ки ба саффи ДОИШ пайваста, барои ба ном “ҷиҳод” ба Сурия биравад.

Абдулло ин пешниҳодро напазируфт, вале ба гуфтаи тафтишот, ба мақомот низ дар бораи фаъолиятҳои машкуки дӯст ва ҳамсояаш хабар надод.

Се тоҷики дигари дар он манзил иҷоранишин ба фарқ аз Абдулло аз Бӯриев тарафдорӣ кардаанд ва Бӯриев баъди ин тасмим гирифтааст, ки маросими ба раҳбари ДОИШ Ал-Қурайшӣ савганд,  ё “байъат” супурдани тарафдорони нави ин созмони террористиро доир кунад. Рӯзи 2 феврали соли 2022 Бӯриев дар ошхонаи он манзил парчами сиёҳи ДОИШро овехта, тавассути телефон бо Сурия тамоси видеоӣ барқарор кардааст ва ӯву дигар бошандагони он манзил ба Ал-Қурайшӣ тавассути тамоси видеоӣ “байъат” супурдаанд.

Вале, меафзояд тафтишот, онҳо аз сафар ба Сурия ба далели надоштани пули сафар худдорӣ карда, ба ҷои он пешниҳод кардаанд, ки дар Маскав ягон ҳамлаи террористӣ анҷом диҳанд. Аз Сурия ба онҳо барои анҷоми чунин ҳамла иҷозат додаанд.

Баъди ин Муҳаммад Бӯриев ба ин шуъбаи ДОИШ боз 4 нафари  дигар, аз ҷумла як бародари худашро ҷалб кардааст. Тафтишот мегӯяд, Абдулло Раҳмонов ба раҳбари ДОИШ “байъат” насупурд, вале дар бораи ҳамсояҳояш ба мақомот  ҳам хабар надод.

Рӯзи 2 апрели соли 2022 кормандони ФСБ ба ин манзил омада, ҳамаро дастгир карданд. Ба истиснои Абдулло Раҳмонов, ки аз Маскав ба назди хешовандонаш ба шаҳри Долгопруднийи вилояти Маскав кӯчида буд.

Тафтишот мегӯяд, даст доштани ӯ дар ташкил ва фаъолияти созмони ифротӣ исбот нашуд, ба ин далел, ӯро танҳо барои хабар надодан ба мақомот, ки муҷозоташ ҷарима ваё ҳадди аксар то 3 соли зиндон аст, ба ҷавобгарӣ кашиданд.

Ба болои ин, ба Абдулло аз маҳалли зисташ дар Тоҷикистон ва ҳам аз маҳалли нави зисташ дар

Долгопрудний  тавсифномаҳои мусбат доданд. Аз ҷумла маълум шуд, ки Абдулло аз ҳисоби мардикориаш дар Маскав падару модари беморашро дар Тоҷикистон нигоҳубин мекунад. Падариӯ собиқадори ҷанги Афғонистон будааст.

Бар поляи ин далелҳо, айбдоркунандаи давлатӣ бо Абдулло Раҳмонов муомилаи ҳамкорӣ баста, аз додгоҳ барои ӯ ҷазои ҳадди ақал — ҷарима ба маблағи 80 ҳазор рублро талаб кард. Додгоҳ бо дарназардошти ҳолатҳои сабуккунанда ҳаҷми ҷаримаро ду маротиба камтар кардааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button