ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

15 ШАБОНАРӮЗ ҲАБСИ ЯК ҚИМОРБОЗ БАРОИ БОЗИИ “АЛИК-МАЛИК”

Милитсияи шаҳри Душанбе рӯзи 13 декабри соли 2022 хабар дод, ки як қиморбозро барои бозии ба истилоҳи маъруф дар байни мардум “алик-малик” ба 15 шабонарӯз ҳабси маъмурӣ маҳкум карданд.

Бино ба иттилои РВКД пойтахт, дар натиҷаи пешбурди фаъолияти хизматӣ аз ҷониби кормандони милитсия, шаҳрванд Валиев Фирӯзбек Идибекович, санаи таваллудаш 04.01.1987, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Р.Набиев барои машғул шудан ба қиморбозӣ дастгир карда шуд.


“Гарчанде қаблан нисбати Валиев Фирӯзбек чандин маротиба барои ба қиморбозӣ машғул шудан, чораҳои таъсиррасони қонунӣ андешида шуда бошад ҳам, вале номбурда аз ин амали мардумфиребонаи худ даст накашида, боз дар маконҳои ҷамъшавии одамон ба ин амали ношоям машғул шудааст. Ҳамзамон ин кирдори зиддиқонунии ӯ боиси норозигии шаҳрвандон гардида, ҷиҳати андешидани чораҳои дахлдори қонунӣ дар шабакаҳои интернетӣ низ нашр гардидааст”, – гуфта мешавад дар иттилоия.


  Ин навбат Валиев Фирӯзбек санаи 12-уми декабри соли ҷорӣ, дар назди бозори «Ганҷина» ҳангоми ба қиморбозии ба истилоҳи мардумӣ «алик-малик» машғул гардидан, аз ҷониби кормандони милисия дастгир карда шуда, ба шуъбаи корҳои дохилӣ датсрас карда шуд.
  Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати Валиев Фирӯзбек протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, дар асоси қарори додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ нисбат ба ӯ ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 15-шабонарӯз таъин карда шуд. Милитсия гуфт, ки Валиев ҳамчунин ҷиҳати минбаъд ба чунин амали мардумфиребӣ машғул нагардидан, ба таври қатъӣ огоҳонида шуд.

https://www.facebook.com/groups/httpdushanbepolice.tj/posts/530253085678514/

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button