ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

МУСОДИРАИ 211 ҲАЗОР “ХЛОПУШКА” ВА ДУЗДӢ АЗ ДӮКОНИ ЯК ЗАРГАР ДАР ПОЙТАХТ

Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз 12.12. 2022

Пешгирии муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ

022

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ду марди 25 ва 28-солаи сокинони шаҳри Душанбе ҳамчун гумонбар дар муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ дастгир карда шуданд.
Ҳангоми кофтукови шахсӣ аз номбурдагон 211 ҳазору 680 адад маводҳои тарфгарии намуди «Трения-Х201» дарёфт ва гирифта шуд.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Ошкор шудани дуздии ҷавоҳирот аз дукони заргарӣ

vor-0504

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур бо ариза марди 32-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки тахминан соатҳои 02:30-дақиқа, шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ вориди дукони заргариаш, воқеъ дар кӯчаи Рӯдакии пойтахт гардида, аз он ҷо ҷавоҳироти гуногуни нуқрагӣ ва тиллоиро дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.

Зарари расонидашуда 141 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 30-солаи сокини шаҳри Душанбе ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button