АфғонистонВидеоДин ва боварҳо

ҲИКМАТЁР ГУФТ, ОМИЛОНИ СӮИҚАСД БА Ӯ ДУ ШАҲРВАНДИ ТОҶИКИСТОН БУДАНД (ВИДЕО)

Гулбуддин Ҳикматёр, сиёсатмадори зиддунақизи афғон рӯзи 9 декабр дар мавъизааш дар намози ҷумъа дар яке аз масҷидҳои Кобул гуфт, омилони сӯиқасди рӯзи 2 декабр ба ӯ ду шаҳрванди Тоҷикистон буданд. Ҷангҷӯёни ҳаракати тундрави Толибон баъди тасарруфи дубораи қудрат дар Афғонистон дар соли 2021 имоматии як масҷиди Кобулро ба Ҳикматёр супурдаанд ва ӯ ҳар рӯзи ҷумъа аз минбари ин масҷид дар бораи масоили мухталиф изҳори назар мекунад.

“Таҳқиқоти ибтидоӣ нишон медиҳад, ки ҳарду террорист тоҷикистониянд, афғон нестанд. Гурӯҳи террористӣ натавонистааст, ки касеро аз миёни афғонҳо омода кунад ба ин навъ амалиёт. Бояд маълум шавад, ки чаро тоҷикистониянд, чаро на афғон? Байрақи сиёҳи ДОИШ аз дасти ҳамкору муҳофизи террористи интиҳорӣ ба даст омад”, – гуфтааст Ҳикматёр дар мавъизааш.

Ин дар ҳолест, ки то кунун ягон гуруҳ масъулияти ҳамлаи маргталабонаи рӯзи 2 декабр ба дафтари Ҳизби исломии Афғонистон, созмони сиёсии Ҳикматёру тарафдорони ӯро ба дӯш нагирифтааст.

Мақомоти Тоҷикистон то кунун иддаои Ҳикматёр дар бораи “тоҷикистонӣ” будани омилони сӯиқасд ба ҷони ин сиёсатмадорони ҷанҷолбарангезро шарҳ надодаанд.

Рӯзи 2 декабри соли 2022 дар Кобул, пойтахти Афғонистон ҳангоми намози ҷумъа ба ҷони Гулбуддин Ҳикматёр сӯиқасди мусаллаҳона сурат гирифтааст. Ҳикматёри 75-сола баъд аз ҳамлаи интиҳорӣ ба чонаш дар як паёми видеоӣ гуфт, ки “ҳамлакунандагон либоси занона, чодар ва бурқа дар тан доштанд”.

Гуфта мешуд, ду ҳамлагари маргталаб вориди маҳалли иқомати ӯ шуда,хостаанд бомбҳои худсохтро, ки дар бадани онҳо насб шуда буд, битарконанд. Ҳикматёр гуфтааст, қабл аз расидан ба ҳадаф ин ду ҳамлагари маргталаб аз сӯи муҳофизони ӯ кушта шуданд ва дар натиҷаи даргирӣ як тан аз ёрони Ҳикматёр ҳам кушта шудаву ду тани дигар захмӣ шудаанд.

Дар ин ҳамла ба худи Ҳикматёр осебе нарасидааст. Бино ба гузоришҳо, ҳамлагарон 3 нафар будаанд ва пеш аз ворид шудан ба макони  зисти Ҳикматёр, ки дар дафтари Ҳизби исломии Афғонистон ба сар мебарад, мошини худро такондаанд ва баъдан вориди бино шудаанд.

Гулбуддин Ҳикматёр яке аз сиёсатмадорони ҷанҷолбарангези Афғонистон аст, ки дар солҳои 80 ва 90 аз фармондеҳони саҳроии муҷоҳидини афғон ва асосгузори ҳизби исломии Афғонистон буд. Ӯ аз сӯи бисёре аз афғонҳо ва ниҳодҳои мудофеи ҳуқуқи башар ба нақзи ҳуқуқи инсон дар солҳои навадум  айбдор мешавад.

Ҳикматёр соли 1994 бо ҳукумати Раббонӣ ва Масъуд созиш накарда, бо талаби супурдани қудрат дар солҳои 1994 ва 1995 Кобулро, ки таҳти назорати нирӯҳои Аҳмадшоҳ Масъуд қарор дошт, мушакборон  ва хеле вайрон кард. Дар натиҷа, дар Кобул, бино ба ҳисобҳо, беш аз 4 ҳазор нафар кушта шуданд ва Ҳикматёрро мардум лақаби “Ракетёр” дод.

Гулбиддин Ҳикматёр баъди тасарруфи Афғонистон аз сӯи Толибон дар миёнаи солҳои 90 тарки кишвар кард ва солҳои зиёде ба ҳайси бандии нимаозод дар Эрон қарор дошт ва танҳо соли 2017 тавонист ба Афғонистон баргардад.

Толибон баъди тасарруфи дубораи Кобул дар моҳи августи соли 2021 Ҳикматёрро имоми яке аз масҷидҳои пойтахти Афғонистон таъйин карданд. Ӯ ҳар сари чанд вақт аз минбари ин масҷид аз ҷумла дар мавриди ҳукумати Тоҷикистон суханрониҳои баҳсбарангез мекунад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button