ВидеоХабарҳои кӯтоҳҲодиса

ҲАЛОКАТИ МӮСАФЕДИ 74-СОЛА ДАР ЯК САДАМА ДАР РОҲИ АЙНӢ – МАСЧОҲИ КӮҲӢ


Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон дар бораи як садамаи марговар дар роҳи Айнӣ-Масчоҳи Кӯҳӣ хабар дод. Бино ба иттилои ин ниҳод, субҳи 9 декабри соли 2022, тахминан соати 08:30 ба қисми навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар бораи як садамаи нақлиётӣ дар қаламрави ноҳияи Айнии вилояти Суғд хабар расид.

Бар асоси ин хабар, дар километри 41-уми роҳи мошингарди Айнӣ-Масчоҳи Кӯҳӣ мошини сабукрави тамғаи «Musso», ки аз ҷониби  як сокини 41-солаи ноҳияи Айнӣ идора мешуд, ҳангоми ҳаракат аз деҳаи Шамтучи ноҳияи Айнӣ ба самти ноҳияи Масчоҳи Кӯҳӣ бо сабабҳои номаълум ба ҷарии умқаш 50 метр фурӯ рафтааст.

Дар натиҷа мусофири 74-солаи мошин бар асари ҷароҳати расида дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст, ронанда ва ду мусофири дигар бо ҷароҳатҳои гуногун ба беморхонаи ноҳиявӣ интиқол дода шуданд. 

Дар иртибот ба ин ҳодисаи нохуш КҲФ ба ронандагон муроҷиат мекунад ва ёдовар мешавад, ки ба хотири таъмини амнияти худ ва ҳамроҳонашон қидаҳои ҳаракат дар роҳҳоро ҷиддан риоя кунанд.

Боло бурдани суръати ҳаракати мошин ҳамеша фоҷеаҳоеро ба дунбол дорад.

Ҳар сол бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон то 400 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 1200 тани дигар маъюб мешаванд. Бино ба охирин маълумоти ВКД, ки рӯзи 19 июл нашр шуд, дар 6 моҳи аввали соли 2022 дар Тоҷикистон 482 садама рӯй дода, дар ин садамаҳо 180 нафар ба ҳалокат расида ва 509 нафар ҷароҳат бардоштаанд. 

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button