ВидеоРӯйдодҳои БадахшонҲодиса

ДАР РОШТҚАЛЪА ГУРГОН БА ЯК РАМА ҲАМЛА КАРДА, 28 САР ЧОРВОИ ХУРДРО НОБУД КАРДААНД

Нимаи дуюми рӯзи 11 декабри соли 2022, тақрибан соати 15:16, дар мавзеи Девлох дар канори деҳаи Сежди ҷамоати Сежди ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон як галаи гургон ба рамаи чорвои хурде, ки дар як чарогоҳи кӯҳӣ дар канори Сежд мечарид, ҳамла кардааст. Дар натиҷа, ҷонварони ваҳшӣ 28 сар чорвои хурдро дарронда, нобуд кардаанд. Дар ин бора рӯзи 12 декабр Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар дод. Дар гузашта низ бавижа дар минтақаҳои кӯҳистони Тоҷикистон мавридҳои ҳамлаи гургон ба чорво зиёд рух додааст. Вале имсол ин бори аввал аст, ки дар бораи ҳамлаи гургон хабар расид. Ин навъи ҷонварони ваҳшӣ  ва ҳамин тавр, хирсу бабрҳо асосан дар ҷустуҷӯи ғизо ба маҳалли сукунати инсонҳо наздик меоянд ва маъмулан ба чорвои хурд (бузу гӯсфанд) ҳамла мекунанд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ба сокинони деҳоти кӯҳистон ва кӯҳдоман барои ҳимоят чорвои худ аз ҳамлаи ҷонварони ваҳшӣ, аз ҷумла гургу палангу бабру хирс ин тавсияҳоро ироа кардааст:

– Беназорат чаронидани чорво маслиҳат дода намешавад. Чорвои худро танҳо рӯзона ва зери назари чӯпон бичаронед. Чӯпон бояд васоили ҳимоят аз худ ва тарс додани ҷонваронро дошта бошад. Шабона чорворо бояд дар биноҳои маҳкам нигоҳ бидоред;

– фермаву оғилҳо дар деҳоти кӯҳистон ва атрофи ин деҳот бояд бо сетка ё девори баландиаш на пасттар аз дуюним метр иҳота карда шаванд. Ин девору сетка бояд чунон маҳкам бошад, ки чорворо аз ҳамлаи хиру палангу бабр ҳимоят карда тавонад. Айлоқҳои тобистона низ бояд шабона посбонӣ карда шаванд ва хуб ҳимоят шаванд. Бояд аз васоили тарсонидани бабрҳо истифода бурд;

– ҷасадҳои ҷонварони ҳалокшуда бояд бо роҳи сӯзонидан нобуд карда шаванд;

– дар хонаҳои шикорчиён, айлоқҳои тобистона ва дар назди оғилу фермаҳо сагҳои хонагӣ бояд ҳатман занҷирбанд бошанд. Дар айни замон, сагҳо бояд аз ҳамлаи эҳтимолии бабр ҳимоят шаванд. Дар атрофи маконҳои зисти бабрҳо бояд ба баландии на пасттар аз дуюним метр девор сохт ё сетка кашид.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button