ВидеоМинтақа ва ҷаҳонҶанг дар Украина

АМРИКО ДИГАР МОНЕИ ҲАМЛАҲОИ УКРАИНА БА ҚАЛАМРАВИ РУСИЯ НАМЕШАВАД

Рӯзномаи мӯътабари амрикоии ” The Times” бо такя бо манобеи худ дар Пентагон, хабар медиҳад, ки “Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дигар Украинаро аз зарба задан ба хоки Русия боз намедорад”.

 Манбаи ин нашрия гуфтааст,  “ин тасмим пас аз он гирифта шуд, ки Путин ба таври пайваста дар фасли сармо, зерсохторҳои энергетикӣ ва пойгоҳҳои газу обтаъминкунии шаҳрҳои Украинаро мушакборон ва корношоям кард”.

Гуфта шудааст, “дигар Амрико парвои онро надорад, ки бо яроқи фиристодаи онҳо Украина ба хоки Русия шиллик мекунанд ва ё на”.

Ин ҳамсӯҳбати “The Times” аз вазорати Мудофиаи Амрико гуфтааст: “Мо ба украиниҳо гуфта наметавонем, ки аз яроқҳои фиристодаи мо ба тарафи русҳо ба Қрим ва ё Русия  парронед ва ё напарронед. Чӣ коре мекунанд, ин кори онҳост ва мо ба кори онҳо дахолат карда ҳам наметавонем. Танҳо шарти мо пеш аз фиристодани ҳама гуна яроқ ба Украина ин аст, ки низомиҳои Украина бояд қонунҳои байналмилалии ҷанг ва махсусан паймони Женевао риоя кунанд. Ин маънои онро дорад, ки низомиҳои Украина наметавонанд ба зидди аҳолии осоишта ва шахсони ғайринизомӣ ҳамла анҷом диҳанд ва ин шартро ҳамеша ҷониби Украина риоя мекунад”. 

Ёдовар мешавем, ки то ин дам Амрико Украинаро аз ҳар навъ ҳамла ва зарбазанӣ ба қаламрави Русия нигоҳ медошт, то ки оташи ҷанг  алангаи бештар нагирад. Ва борҳо дархости Украина барои фиристодани мушакҳо ва дронҳои дурпарвозро рад карда буд.

 Ҳатто Амрико тӯли парвози шабакаҳои мушакии HIMARS-ро, ки метавонанд то 500 километр шиллик кунанд, пеш аз фиристодан ба Украина то ба ҳадди 80 километр расонида буд, ки нерӯҳои мусаллаҳи Украина ба нимҷазираи аз тарафи Русия ғасбшудаи Қрим ва қаламрави бевоситаи Русия зарба назананд ва хашми Путинро наоранд, то алангаи ҷанг баландтар нашавад.  Русия низ дар навбати худ борҳо таҳдид карда буд, ки дар ҳолати ҳамла ба қаламраваш омода аст посухи сангин бидиҳад.

Дар айни замон, нигароние дар ҳоли афзоиш аст, ки метавонад пои кишварҳои Ғарб метавонад ба ҷанги Украина фурӯтар биравад. Дабири кулли паймони ҳарбии НАТО ба ҷанги Русия бо НАТО печидани ҷанги Украинаро имконпазир номидааст. Ӯ  дар мусоҳибаи худ бо як расонаи норвежӣ гуфтааст, ки “аз идома ин ҷанг дар Украина ҳама чизро умедвор шудан мумкин аст. Агар рафту кор ба ҷое расид, ки пои НАТО ба он кашонида шуд, ин ягон ҷои хафву тарс надорад”.

Рӯзи 9-уми декабри соли 2022 бахши русии BBC ва нашрияи русии “Медуза” дар як таҳқиқоти дастаҷамъона ва бо кумаки хешу табори кушташудагони ҷанг хабар додагд, ки аз ҷониби Русия дар ҷанги Украина алакай беш аз  10 ҳазор аскару афсар кушта шудаанд. 

Маркази таҳлилии қувваҳои баҳрии Амрико навиштааст, ки аз аввали ҷанги Украина Русия бо шумули захмиҳо ва гумшудагон 90 ҳазор нерӯи худро аз даст додааст.

Русия рӯзи 24 феврали соли 2022 бо баҳонаи ҳимоят аз ҳуқуқу манфиатҳои сокинони русзабони Донбасс ба Украина ҳамла кард ва дар моҳҳои аввал тавонист қисматҳои зиёде аз қаламрави Украинаро дар шарқ ва ҷануби он кишвар ишғол кунад. Масоҳати умумии сарзаминҳои ишғолкардаи Русия бӣеш аз 90 ҳазор километри мураббаъ буд, ки ин баробари аз се ду ҳиссаи қаламрави кунунии Тоҷикистон аст. Вале баъдан пешравии нирӯҳои Русия мутаваққиф шуд ва моҳҳои ахир баракс ҳама шоҳиди ақибнишинии артиши Русия аз бисёре аз шаҳру ноҳияҳои ишғолкардааш, аз ҷумла дар атрофи Киев, пойтахти Украина ва вилояти Харкову шаҳри Херсон шуданд. Дар  умум артиши Украина алакай беш аз 50 фоизи сарзаминҳои аз сӯи Русия ишғолшударо озод кардааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button