ВидеоҶомеа

ПОЁНИ БАҲСИ “ПЕШОБ КАРДАН ДАР ЛИБОСИ УЗВИ “АВАНГАРД”: МУДИРИ ТВ “ОРИЁНУР”-РО 100 ҲАЗОР СОМОНӢ ҶАРИМА БАСТА, АЗ ТОЛОРИ ДОДГОҲ ОЗОД КАРДАНД

Синои Рустамзод (Ниёзов), роҳбари шабакаи мустақили телевизионии “Ориёнур” дар шаҳри Панҷакент, ки дар пайи як ҷанҷол бо роҳбари шуъбаи маҳаллии созмони зиддунақизи “Авангард” ба “авбошӣ” айбдор мешуд, рӯзи 7 декабри соли 2022 бо ҳукми додгоҳи шаҳри Панҷакент 100 ҳазор сомонӣ ҷарима баста шуда ва аз толори додгоҳ озод карда шудааст. Ӯ аз моҳи октябр дар боздошт қарор дошт.

Худи Синои Рустамзод баъди озод шуданаш аз боздошт дар суҳбати кутоҳ бо “Азия Плюс” гуфт, додгоҳ ӯро дар вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ гунаҳкор дониста, 1600 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (1 нишондиҳанда = 64 сомонӣ) ҷарима таъйин кард. Ҳукми суд 7-уми декабр содир шуд. Синои Рустамзод гуфт, азбаски дар рафти тафтишот  даъвогар аз даъвояш даст кашид ва ҳамин тариқ, додгоҳ Синои Рустамзодро танҳо барои вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ ҷарима кард.

Суҳроб Ниёзов, иҷрокунандаи вазифаи раиси телевизони “Ориённур” ба Радиои Озодӣ  гуфт, онҳо билофосила пас аз эълони ҳукми додгоҳ 100 ҳазор сомонӣ ҷаримаро тавассути бонк супориданд.

Парванда ба зидди мудири ТВ “Ориёнур” бар асоси шикояти Беҳзод Муҳаммадӣ, узви пешини гуруҳи “Авангард” ва ҳоло корманди бахши ҷавонони шаҳрдории Панҷакент боз шуда буд.

Ин қазия ба занозании рӯзи 9  сентябри соли 2022 байни Синои Рустамзод ва Беҳзод Муҳаммадӣ бастагӣ дошт.

Радиои Озодӣ қаблан аз қавли манобеи худ хабар дода буд, ки занозании онҳо дар рӯзи таҷлили иди истиқлоли Тоҷикистон дар назди тарабхонаи “Меҳр” дар шаҳри Панҷакент сурат гирифтааст. Беҳзод Муҳаммадӣ иддао кардааст, ки он рӯз Сино Ниёзов ва се ҳамроҳаш ӯро заданд ва ба либосаш “пешоб кардаанд”.

Вале Наргис Азизқулова, вакили мудофеи Синои Рустамзод мегқт, ки зерҳимояаш ин иттиҳомро рад мекунад, ба истиснои як ҳолат: Ӯ гуфт, ки ҳангоми рақсидан дар дохили тарабхона Беҳзодро тела дод, тамом. Занозанӣ дертар дар саҳни тарабхона шудааст.

Хонум Азизқулова баҳси “пешоб кардан”-ро тасдиқ карда,  гуфта буд, барои ташхиси он санҷиши вижа оғоз шудааст.

Худи Беҳзод Муҳаммадӣ ин қазияро дар маҳзари ом то ҳол шарҳ надодааст. Вале яке аз дӯстонаш бе зикри ном гуфт, Беҳзод Муҳаммадӣ ҳодисаро фаромӯш карда буд“, аммо баъди нашри аксҳояш дар ҳолати мастӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба додситонӣ шикоят кард. Ин аксҳоро махсус ба намоиш гузоштаанд, ки бубинед як сармутахассиси ҳукумати Панҷакент чӣ ҳол дорад? Дар ҳоле ки ӯ барои тарбияи ҷавонон ва ҷалби онҳо ба сафи артиш саҳми ҷиддӣ дорад,” – гуфта буд ин дӯсти Беҳзод.

Беҳзод Муҳаммадӣ 26-сола ва узви пешини гуруҳи “Авангард”, як созмони вобаста ба вазорати корҳои дохилӣ аст. Пайравони ин гуруҳ бештар ба ҷонибдорӣ аз ҳукумату мансабдорон ва ҳамлаҳои лафзӣ ба зидди мухолифон ва мунтақидон шуҳрат доранд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button