ВидеоҶомеа

МУШКИЛИ СОКИНИ НОБИНОИ ҲИСОР ҲАЛ ШУД ВА Ӯ ГУРУСНАНИШИНИРО ҚАТЪ КАРД

Пас аз нашри хабар аз мушкили сокини нобинои шаҳраки Ҳаёти Нави шаҳри Ҳисор Амиршо Ғафуров, ки ба нишони эътироз аз бепарвоии мақомот се рӯз гуруснагӣ эълон карда буд, Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба зердастонаш дастур додааст, ки мушкили ин шаҳрвандро ҳал кунанд. Дар ин бора аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба “Азия Плюс” иттилоъ доданд.

Худи Амиршо Ғафуров низ ин хабарро ба “Азия-Плюс” тасдиқ намуда, дар як  суҳбати кӯтоҳи телефонӣ гуфт, ки баъди нашри матлаб “масъулони шаҳри Ҳисор аз ҳолаш хабар гирифтанд ва гуфтанд, ки омада доруҳояшро гирад”. Ӯ ҳамчунин хабар дод, ки пас аз расидагии мақомот гуруснанишинии эътирозиашро қатъ кардаст.

Амиршо Ғафуров рӯзи 6-уми декабр, ба “Азия-Плюс” шикоят карда, таъкид намуда буд, ки беш аз як моҳ мешавад наметавонад ҳаб (таблетка)-е, ки барои муолиҷааш бояд ройгон дода шавад, дастрас кунад.

Амиршо Ғафуров  гуфта буд, бар иловаи нобиноӣ ба иллати гангрена боз як пояшро буриданд ва ӯ дигар имкони кор карданро надорад. Ӯ мегӯяд,  кумакпулии барояш муқарраргардида хеле кам аст ва барои табобаташ намерасад.

Ӯ қаблан гуфта буд, ки пас аз буридани як пояш ба ӯ муолиҷа таъин карданд ва як давраи он 2 ҳазору 700 сомонӣ аст.

“Дар як сол бояд чор маротиба муолиҷа кунам, ҳар як ҳаб (таблетка) 400 сомонӣ нарх дорад, лекин ман пул надорам. Мувофиқи қонун, ин доруро ба ман бояд бепул диҳанд. Лекин аллакай як моҳ гузаштаву онро намедиҳанд”, – гуфта буд Амиршо Ғафуров.

Ӯ аз он шикоят дошт, ки ҳар рӯз ба шахсони масъули Вазорати тандурустӣ ва мақомоти шаҳри Ҳисор занг мезанад, лекин бефоида. Ҳеҷ кас гӯшаки телефонро намебардорад. Пас аз ин Амиршо Ғафуров бо нишони эътироз аз бепарвоии мансабдорон гуруснанишинӣ эълон кард.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button