АфғонистонВидео

СӮИҚАСД БА ҶОНИ ГУЛБИДДИН ҲИКМАТЁР ДАР КОБУЛ: Ӯ БОЗ НАҶОТ ЁФТ (ВИДЕО)

Рӯзи 2 декабри соли 2022 дар Кобул, пойтахти Афғонистон зимни адои намози ҷумъа ба ҷони Гулбуддин Ҳикматёр, яке аз сиёсатмадорҳои зиддунақизи афғон сӯиқасди мусаллаҳона сурат гирифтаасӣ.

Ҳикматёри 75-сола баъд аз ҳамлаи интиҳорӣ ба чонаш дар як паёми видеоӣ гуфт, ки “ҳамлакунандагон либоси занона, чодар ва бурқа дар тан доштанд”.

Гуфта мешавад ин ду  шахси интиҳорӣ вориди маҳалли иқомати ӯ шудаанд ва хостаанд бомбҳои худсохтро, ки дар бадани онҳо насб шуда буд, битарконанд.

 Ҳикматёр гуфтааст, қабл аз расидан ба ҳадаф ин ду ҳамлагари маргталаб аз сӯи муҳофизони ӯ кушта шудаанд ва дар натиҷаи даргирӣ як тан аз ёрони Ҳикматёр ҳам кушта шудаву ду тани дигар захмӣ шудаанд.

Бино ба хабарҳо, дар ин ҳамла ба худи Ҳикматёр ҳеч осебе нарасидааст ва ӯ гуфтааст, ки “ба мубориза”-и худ идома  хоҳад дод.

Бино ба гузоришҳо, ҳамлагарон 3 нафар будаанд ва пеш аз ворид шудан ба макони  зисти Ҳикматёр, ки дар дафтари Ҳизби исломии Афғонистон ба сар мебара,д мошини худро такондаанд ва баъдан вориди бино шудаанд.

Ғайрат Буҳайр, як узви баландмақоми ин ҳизб ба Хабаргузории Фаронса гуфтааст, ки “муҳоҷимон ҳангоми талош барои вуруд ба дафтари Ҳизби исломӣ, ки дар он масҷид низ ҳаст кушта шудаанд ва нафари саввум фирор кард “.

Зимнан, то ба ҳол ҳеҷ гурӯҳе масъулияти ин амалро ба ӯҳда нагирифтааст. Вале дар моҳҳои ахир чандин тирандозӣ ва таркишҳои харобкорона, ки кушта ва захмиёни  зиёде ба ҷо гузошта аст, чандтоашро шохаи Хуросони ДОИШ ба ӯҳда гирифта буд.

Гулбуддин Ҳикматёр яке аз сиёсатмадорони ҷангҷолии Афғонистон аст, ки дар солҳои 80 ва 90 аз фармондеҳони саҳроии муҷоҳидини афғон ва асосгузори ҳизби исломии Афғонистон буд. Ӯ аз сӯи бисёре аз афғонҳо ва ниҳодҳои мудофеи ҳуқуқи башар ба нақзи ҳуқуқи инсон дар солҳои навадум  айбдор мешавад.

Ҳикматёр соли 1994 бо ҳукумати Раббонӣ ва Масъуд созиш накарда, бо талаби супурдани қудрат дар солҳои 1994 ва 1995 Кобулро, ки таҳти назорати нирӯҳои Аҳмадшоҳ Масъуд қарор дошт, мушакборон  ва хеле вайрон кард. Дар натиҷа, дар Кобул, бино ба ҳисобҳо, беш аз 4 ҳазор нафар кушта шуданд ва Ҳикматёрро мардум лақаби “Ракетёр” дод.

Гулбиддин Ҳикматёр баъди тасарруфи Афғонистон аз сӯи Толибон дар миёнаи солҳои 90 тарки кишвар кард ва солҳои зиёде ба ҳайси бандии нимаозод дар Эрон қарор дошт ва танҳо соли 2017 тавонист ба Афғонистон баргардад.

Толибон баъди тасарруфи дубораи Кобул дар моҳи августи соли 2021 Ҳикматёрро имоми яке аз масҷидҳои пойтахти Афғонистон таъйин карданд. Ӯ ҳар сари чанд вақт аз минбари ин масҷид аз ҷумла дар мавриди ҳукумати Тоҷикистон суханрониҳои баҳсбарангез мекунад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button