ВарзишВидеоҶомеа

ТАФСИЛОТИ ПАРВАНДАИ ОДАМКУШИИ ПИСАРИ ҶАҲОНПАҲЛАВОН САИДМӮЪМИН РАҲИМОВ (ВИДЕО)

Додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи 22 ноябри соли 2022 бархе тафсилоти парвандаи ҷиноятии Саидаҳмад Раҳимов, писари ҷаҳонпаҳлавон Саидмӯъмин Раҳимовро, ки ахиран бо ҷурми одамкушӣ бо бераҳмии махсус ба 20 соли зиндон маҳкум шуд, нашр кард.

Бино ба гузориши маркази матбуоти Додситонии кулл, Раҳимов Саидаҳмад Саидмӯъминович, санаи таваллудаш 14.03.2000, сокини кӯчаи Лутфии шаҳри Душанбе, санаи 5 августи соли 2022, дар асоси хусумати шахсӣ аз ҳисоби аз шаҳрванд Зокирзода Муҳаммадҷовид.Т. мунтазам шунидани таҳдид, суханҳои таҳқиромез ва пастзании шаъну шарафаш нисбати худ ва аъзои оилааш вобаста ба 20 ҳазор сомонӣ пули қарз, дар ботинаш қасди аз ҳаёт маҳрум кардани охирин пайдо гардида, бо мақсади амалӣ сохтани ин қасд бо олати халандаю бурранда, яъне корд мусаллаҳ гаштааст.

Сипас, ҳамон рӯз Саидаҳмад Раҳимов ба воситаи телефони мобилии худ дар барномаи “Гугл-Планета” харитаи шаҳри Душанберо кушода, дар он суроғаи ш. Душанбе ноҳияи Фирдавсӣ, маҳаллаи “Гравзавод” ё корхонаи шағалбарориро ҳамчун ҷои бехатар ва ҷои содир намудани ҷинояти қаблан таҳрезинамудааш интихоб мекунад.

Додситонӣ давоми ҳодисаро чунин ба риштаи тасвир кашидааст: “Раҳимов С.С., бо корд мусаллаҳ гардида, нақшаи ба куҷо бурдани Зокирзода М.Т.-ро кашида, ба охирин занг зада, ӯро аввал ба ҳудуди оромгоҳи Лучоб, даъват мекунад. Зокирзода М.Т., ҳамроҳи ҷияни ноболиғи худ Ғанизода Х.О. бо воситаи автомашинаи шахсиаш тамғаи “Опел-Астра”, рақами қайди давлатиаш 11 11 GJ 03 ба ҷойи таъиншудаи Раҳимов С.С. мерасанд. Раҳимов С.С. барои ба қатл расонидани Зокирзода М.Т. бо роҳи фиреб ӯро ба маҳаллаи “Гравзавод” мебарад. Раҳимов С.С. бо баҳонаи кадом як ашёро гирифтан танҳо аз автомашина фаромада, гирду атрофро омӯхта, боварӣ ҳосил мекунад, ки барои содир намудани ҷиноят қулай аст. Баъди ин ӯ Зокирзода М.Т.-ро ба назди худ даъват мекунад. Раҳимов С.С. барои ба охир расонидани қасди худ бо бераҳмии махсус бо корд, ба узвҳои ҳаётан муҳими Зокирзода М.Т. 16 маротиба зарба мезанад, ки дар натиҷа охирин дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст”.

Коллегияи парвандаҳои ҷиноятии додгоҳи шаҳри Душанбе рӯзи 10 ноябр Саидаҳмад Раҳимовро абр асоси банди “е”, қисми дуюми моддаи 104 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон дар одамкушӣ бо бераҳмии махсус гунаҳкор шинохта, ба 20 соли зиндони низомаш сахт маҳкум кард.

Фирдавс Субҳонзод, вакили дифои хонаводаи Саидаҳмад Раҳимов пас аз эълони ҳукми додгоҳ гуфт, ки зерҳимояааш дар мурофиаи додгоҳӣ аз кирдораш пушаймонӣ кард. Вай афзуд, ки аз додгоҳ хоҳиш карда буданд, ки ҷавониаш, фарзанди ноболиғ доштан ва саробони хонавода буданашро ба назар гирифта, ба ӯ ҷазои сабуктар диҳанд.

“Аз тарафи хешовандони зерҳимояам ба наздикони ҷабрдида 52 ҳазор сомонӣ ҳамчун зарари маънавӣ дода шуд, ки онҳо баъди қабули ин маблағ аз даъво даст мекашанд, аммо ба гуфтаи худ наистоданд”, – афзудааст Фирдавс Субҳонзод.

Аммо ин иддаои пулгирӣ бо ваъдаи аз даъво даст кашиданро хонаводаи ҷавони кушташуда Муҳаммадҷовид Зокирзода беасос номид. Матлуба Ғаниева, модари Муҳаммадҷовид Зокирзода гуфт, “аз ҳукми суд розиям. Барои он, ки кӯдаки ноболиғ дорад. Ҳамон суд худаш чӣ хеле ҳукм баровард. Ҳамон ҳам ба хотири духтараш. Ман дидам, духтари майда дорад”.

Ин қазия ба далели писари паҳлавони шинохтаи тоҷик Саидмӯъмин Раҳимов будани қотил мавриди таваҷҷуҳ қарор дошт. Саидмӯъмин Раҳимов соли 1946 дар деҳаи Ҷорӯбқули ҳозира ноҳияи Темурмалик ба дунё омада, соли 2009 дар Душанбе вафот кардааст. Ӯ нахустин паҳлавони тоҷик аст, ки соли 1975 дар гуштини самбо сазовори унвони қаҳрамони ҷаҳон шуд.  Паҳлавони номдор дар оромгоҳи Лучоб ба хок супурда шуда, Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳоло ба номи Саидмӯъмин Раҳимов гузошта шудааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button