ВидеоМуҳоҷиронХабарҳои кӯтоҳ

ҶУСТУҶӮИ ЯК ЗОДАИ ТОҶИКИСТОН, КИ 26 СОЛ ПЕШ ДАР РУСИЯ ГУМ ШУДААСТ (АКС)

Раёсати тафтишоти вилояти Уляновски Русия аз сокинон барои ҷустуҷӯи зодаи шаҳри Душанбе Меликов Алексей Саидович (Сергеевич), соли таваллудаш 1975, кумак хостааст.

Гуфта мешавад, ин зодаи пойтахти Тоҷикистон ҳанӯз 26 сол қабл дар ҳудуди вилояти Уляновск беномунишон шудааст. Вақте гум шуданаш Алексей Меликов ҳамагӣ 21 сол дошт. Ҳоло бояд 47 сол дошта бошад.

Аломатҳои Алексей Меликов: Ба зоҳир 40 – 50-сола, қадаш 175 – 180 сантиметр, мӯи сараш сиёҳи рост, симояш осиёӣ, рӯяш байзошакл (овальное), гӯшҳояш берунзада (оттопыренные), қошҳояш паҳни қавсшакл, баданаш лоғар, бинияш печхӯрда, дар қисмати рости шикамаш осори захм дорад.

Аз ҳама хоста мешавад, ки дар сурати доштани ягон маълумот дар бораи макони будубоши Алексей Меликов, бо ин рақами телефон тамос бигиранд:

+7 (8422) 35-86-71

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button