ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

СЕ САДАМАИ МАРГОВАР ДАР ДУШАНБЕЮ ДАНҒАРА ВА ФАРХОР

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки дар ду садамаи рӯзи 16 ноябр ва як садамаи шаби 14 ноябр дар Душанбеву Данғара ва Фархор се нафар: як марди 28-сола, як духтарчаи 7-сола ва як зани 35-сола ҷон бохтаанд.

Бино ба иттилои ВКД, рӯзи 16-уми ноябри соли 2022, тахминан соати 16:20, ронандаи мошини тамғаи «Мерседес-Бенс», Вайсиддинов Рӯзибой Ваҳобҷонович, соли таваллудаш 1994, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат аз тарафи кӯчаи 50-солагии Тоҷикистон ба самти кӯчаи Фирдавсии пойтахт аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Ахмедов Билол Миралиевич, соли таваллудаш 1994, сокини шаҳри Душанберо пахш намудааст. Дар натиҷа, пиёдагард Ахмедов Б.М. ҷароҳатҳои гуногуни вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Инчунин, 16-уми ноябри соли 2022, тахминан соати 13:00, ронандаи мошини тамғаи “Мерседес-Бенс”, Нураҳмадзода Комил Нураҳмад, соли таваллудаш 1974, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи “Душанбе-Кӯлоб” дар ҳудуди деҳаи Розиёни ноҳияи Данғара аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ноболиғ Саидова Меҳрангез Сафаралиевна, соли таваллудаш 2015, сокини ноҳияи мазкурро пахш намудааст. Дар натиҷа, ноболиғ Саидова М.С. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Бино ба хабари дигари ВКД ҶТ,  шаби 14-уми ноябри соли 2022, тахминан соати 23:30, ронандаи мошини тамғаи “Опел-Зефира”, Шералиев Шокир Акбаралиевич, соли таваллудаш 1985, сокини ноҳияи Фархор, ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Гулшани ҳамин ноҳия аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба мошини тамғаи “Донг-Фенг”, таҳти идораи Алиев Исроил Саймаъруфович, соли таваллудаш 1997, сокини ноҳияи мазкур бархӯрдааст.
Дар натиҷа, мусофирони мошини тамғаи “Опел-Зефира”, хурдсолон Шокирзода Шаҳриёр, соли таваллудаш 2016 ва Шокирзода Абубакр, соли таваллудаш 2017, ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд. Мусофири дигари мошини мазкур Раҳматова Марҷона Абдуллоевна, соли таваллудаш 1987, сокини ноҳияи мазкур ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Таҳқиқи ин ҳодисаҳо идома дорад.

Ҳар сол бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон то 400 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 1200 тани дигар маъюб мешаванд. Бино ба охирин маълумоти ВКД, дар 6 моҳи аввали соли 2022 дар Тоҷикистон 482 садама рӯй додааст. Дар ин садамаҳо 180 нафар ба ҳалокат расида ва 509 нафар ҷароҳат бардоштаанд. 

Худро ва азизони худро эҳтиёт кунед!

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button