Минтақа ва ҷаҳон

ШУМОРАИ АҲОЛИИ САЙЁРАИ ЗАМИН БА 8 МИЛЛИАРД РАСИД!

Шумораи аҳолии сайёраи Замин ба 8 миллиард нафар расид! Ин хушхабарро рӯзи 15 ноябри соли 2022 хадамоти матбуоти Созмони Милали Муттаҳид бар асоси омори ин созмон нашр кард.

Созмони Милал ҳанӯз рӯзи 11 июл, дар Рӯзи ҷаҳонии аҳолӣ, бо нашри гузориши “Дурнамои аҳолии ҷаҳон 2022” (“World Population Prospect 2022”) эълон карда буд, ки инсоният дар остонаи фатҳи қуллаи 8 миллиард қарор дорад ва сокини ҳаштмиллиардуми сайёра дақиқан рӯзи 15 ноябри соли 2022 ба дунё хоҳад омад.

Афзоиши қобили мулоҳизаи шумораи аҳолии дунёро ба омилҳое, чун рушди соҳаи тиб, пешрафтҳои бадастомада дар масоили беҳдоштӣ ва дастрасӣ ба оби ошомиданӣ ва фарогирии эмзанӣ аз бемориҳои мухталиф рабт медиҳанд.

Дар дусад соли охир шумораи аҳолии Замин 8 маротиба афзоиш ёфтааст. Дар аввали асри 20 дар сайёра ҳамагӣ якуним миллиард нафар зиндагӣ мекард. Дар ибтидои асри 21 шумораи аҳолии дунё ба 6 миллиард ва дар соли 2011 ба 7 миллиард нафар расид. Ба инсоният ҳамагӣ 11 сол лозим шуд, то шумораи худро боз ба як миллиард нафари дигар афзоиш диҳад ва қуллаи 8 миллиардро ҳам фатҳ кунад.

Бар асоси ҳисобукитоби Созмони Милал, шумораи аҳолии Замин  то соли 2030 ба 8,6 миллиард, то соли 2037 ба 9 миллиард, то соли 2050 ба 9,5 миллиард ва  соли 2058 ба 10 миллиард мерасад.

Ду макони асосии зиндагии одамон Хитой ва Ҳиндустон ба шумор мераванд. Дар ин ду кишвар қариб 3 миллиард нафар, ё 36 фоизи аҳолии тамоми дунё ба сар мебаранд.  Тибқи пешбиниҳо, Ҳиндустон алакай соли 2023 аз лиҳози шумораи аҳолӣ аз Хитой мегузарад ва ба кишвари аз ҳама пураҳолии дунё табдил меёбад.

Дар муқоиса бо Ҳинду Хитой 10 миллион аҳолии Тоҷикистон чандон зиёд ба назар намерасад. Вале Тоҷикистон низ дар шумори кишварҳоест, ки шумораи аҳолиашон босуръат меафзояд. Аз замони фурӯпошии СССР, яъне аз соли 1991 ба ин тараф, шумораи аҳолии Тоҷикистон қариб ду маротиба афзоиш ёфт ва соли 2022 ба 10 миллион нафар расид.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button