ВидеоКоррупсияТоҷикистон

МУДИРИ ЛИТСЕЙИ ШАҲРИТӮС 69 НАФАРРО БАРДУРӮҒ БА КОР ГИРИФТА, БА НОМАШОН 470 ҲАҲОР СОМОНӢ МАОШ НАВИШТААСТ

Мудири собиқи литсейи касбии техникии ноҳияи Шаҳритӯс Ёқуби Л. ба тасарруфи маблағҳои ин корхона ба андозаи қариб ним миллион сомонӣ айбдор мешавад.

Агентии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон рӯзи 18 апрели соли 2024 хабар дод, ки ҳангоми гузаронидани санҷиши молиявию хоҷагидории фаъолиятҳо муассисаи давлатии таълимии “Литсейи касбии техникӣ”-и ноҳияи Шаҳритӯс муайян гардид, ки Ёқуби Л. аз 19 декабри соли 2014 то 3 апрели соли 2023, яъне беш аз 8 сол дар вазифаи мудири ин муассиса кору фаъолият карда, аз моҳи январи соли 2021 то моҳи майи соли 2023 дар асоси маслиҳати пешакӣ бо дигар шахсони масъули муассиса бо роҳи сохтакорӣ ба ному насаби 69 корманди собиқи литсей ва шахсони бегона парвандаҳои шахсӣ оид ба гӯё кор кардани онҳо дар ин корхона ва ҳуҷҷатҳои муҳосибиро омода кардаанд.

Худи Ёқуби Л. ваё наздикон ё адвокати ӯ барои шарҳи ин парванда дастрас нестанд, вале маркази матбуоти Агентӣ мегӯяд: “Сипас Ёқуби Л. ва шарикони ӯ дар асоси ҳуҷҷатҳои баръало қалбакӣ омодашуда ба номи 69 нафар ғайриқонунӣ кортҳои бонкӣ кушода, ҳар моҳ ба номи онҳо ҷамъ маблағи 470 ҳазору 583 сомониро ҳамчун музди маош гузаронида, сипас тавассути банкоматҳо ин пулҳоро нақдӣ кунонида,гирифта, маблағи ба дастовардаро ба манфиати шахсиашон сарф кардаанд, ки дар натиҷа бо ин кирдори қасдонаи худ ба давлат ба миқдори махсусан калон зарари моддӣ расониданд”.

 Дар робита ба ҳолати мазкур нисбат ба Ёқуби Л. ва шарикони ӯ парвандаи ҷиноятӣ бо моддаҳои 245, қисми 4, банди “б” (тасарруфи маблағҳо ба миқдори махсусан бузург) ва 323 (сохтакории хидматӣ) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, парвандаи ҷиноятӣ баъди анҷоми тафтишоти пешакӣ ба додгоҳ ирсол гардидааст.

Ба Ёқуби Л. ва шариконаш ҳамчун ҷазо барои сохтакорӣ бо истифода аз мақом ҷарима ба андозаи аз 250 то 365 нишондиҳанда барои ё корҳои ислоҳи меҳнатӣ ба мӯҳлати аз 1 то 2 сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то 2 сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то 3 сол ё бидуни он  таҳдид мекунад. Ҳамин тавр, ба муттаҳамон бар асоси қисми чоруми моддаи 245 барои тасарруфи маблағи махсусан бузург ҷарима ба андозаи аз 1824 то 2700 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз 10 то 15 сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то 5 сол таҳдид мекунад.

 Вале таҷрибаи додгоҳҳои Тоҷикистон нишон медиҳад, ки мансабдорони собиқ дар ниҳоят бо пардохти ягон ҷарима аз ҷавобгарӣ халос мешаванд. Коршиносон бар ин боваранд, ки чунин ҷазоҳои сабукро афроди ҷавобгар дар ивази пораҳои вазнин ба даст меоранд.

Соҳаи маориф дар Тоҷикистон аз соҳаҳои фасодзадатарин ба шумор меравад.

Тоҷикистон дар умум аз кишварҳои фасодзадаи ҷаҳон ба шумор рафта, имсол бо ҳамагӣ 20 имтиёз, ки пасттарин нишондод дар таърихаш аст, дар байни 20 кишвари аз ҳама фасодзадаи дунё ҷой гирифт. Дар раддабандии солонаи Индекс ё Шохиси фарогирии коррупсия дар соли2023,  ки созмони “Шаффофияти байналмилалӣ” (Transparency International) рӯзи 30 январи соли 2024  нашр кард, Тоҷикистон якбора 12 зина пойинтар фаромада, дар байни 180 кишвар дар зинаи хеле пасти 162-юм гузошта шуд.

Ноҳияи Шаҳритӯс дар ҷанубуғарби Тоҷикистон дар марз бо Ӯзбекистону Афғонистон ҷойгир шудааст. МДТ  “Литсейи касбии техникӣ”-и ноҳияи Шаҳритӯс мутахассисони касбҳое, чун тракторчӣ, барқчӣ, дуредгар, сохтмончӣ, кафшергар, ронанда, дӯзанда, моделер, ошпаз ва мутахассиси барномаҳои компютериро омода мекунад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button