ВидеоМарзи Тоҷикистону Қирғизистон

ЯТИМОВ ВА ТОШИЕВ ДАР ДУШАНБЕ БОЗ ЯК ПРОТОКОЛ ИМЗО КАРДААНД

Рӯзи 14 ноябри соли 2022 дар шаҳри Душанбе таҳти роҳбарии раисони Кумитаҳои  давлатии амнияти миллии Тоҷикистону Қирғизистон Саймумин Ятимов ва Қамчибек Тошиев ҷаласаи навбатии муштараки ҳайатҳои ҳукуматӣ оид ба таъйин ва аломатгузории сарҳадди давлатии ин ду кишвар баргузор шуд.

Дар хабари расмӣ бидуни ироаи ҷузъиёт гуфт мешавад, ки “аз натиҷаи нишаст протоколи дахлдор ба имзо расонида шуд. Ҷонибҳо ба мувофиқа омаданд, ки ҷаласаи навбатии комиссияи мазкур дар ҳудуди Ҷумҳурии Қирғизистон доир карда мешавад”.

Дар иттилоияи расмӣ ҳамчунин гуфта шудааст, ки “мулоқот дар фазои дӯстӣ ва ҳусни тафоҳум ҷараён гирифт”.

Тафсилоти дигари музокироти дар Душанбе суратгирифта дастрас нест. Ҷониби Қирғизистон низ дар бораи натиҷаҳои нишасти Душанбе ҷузъиёти аз ин бештар надодааст. Худи Тошиев ҳам, ки маъмулан баъди чунин нишастҳо бо хабарнигорон суҳбат мекард, ҳанӯз дар бораи раҳоварди сафараш ба Душанбе чизе нагуфтааст.

Бо гузашти беш аз 30 сол аз суқути СССР, аз 970 км марзи Тоҷикистону Қирғизистон то кунун беш аз 300 километраш ҳамчунон таъйин ва аломатгузорӣ нашудааст. Дар қитъаҳои баҳсӣ, ки асосан дар марзи ноҳияҳои Бодканду Лайлаки вилояти Бодканди Қирғизистон бо ҷамоатҳои шаҳри Исфара ва  ноҳияи Ғафурови вилояти Суғди Тоҷикистон ҷойгир шудаанд, ҳар сари чанд вақт бар сари обу замину чарогоҳу роҳ муноқишаҳо рух медиҳанд. Ин муноқишаҳо баъзан ба тирпаррониҳо мепечанд ва боиси ҳалокати мардум аз ду тараф мешаванд.

Дар солҳои 2021 ва 2022  дар натиҷаи задухӯрдҳои мусаллаҳона дар марзи ду кишвар наздики 200 нафар  кушта шуда, беш аз 700 нафар  аз ҳарду ҷониб захмӣ шуданд.

Аз ҷумла дар муноқишаи хунини рӯзҳои 14-17 сентябри соли 2022 дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон аз ду тараф беш аз 140 нафар кушта ва наздики 450 нафар захмӣ шуданд. Ин даргириҳо хунинтарин муноқиша дар таърихи муноқишаҳои марзии тамоми Осиёи Марказӣ баъд аз суқути Иттиҳоди Шӯравӣ дониста мешавад.

Ҳарду тараф дар оғози муноқишаи моҳи сентябр якдигарро айбдор мекунанд.

Моҳи октябр Русия миёнаравии худро барои ҳалли мушкилоти марзии Тоҷикистону Қирғизистон пешниҳод кард ва бо ташаббуси раисиҷумҳури Русия Владимир Путин дар Остона мулоқоти муштараки ӯ бо президентҳои ин ду кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Ҷабборов ҳам сурат гирифт. Аммо тавре ба назар мерасад,  тарафҳо дар ин мулоқот ба кадом тавофуқи ҷиддие, ба ҷуз аз худдорӣ аз такрори хушунатҳо, даст наёфтанд.

Дар видеои кӯтоҳе, ки хабаргузории РИА Новости нашр кард, дида мешуд, ки Эмомалӣ Раҳмон  ва Содир Ҷабборов бар хилофи протокол, пеш аз шурӯи мулоқот бо якдигар бо даст салом накарданд. Дар сабт дида мешуд, ки Эмомалӣ Раҳмон намоишкорона аз назди президенти Қирғизистон гузашта, ба мизи музокирот наздик мешавад ва танҳо бо Путин салом карда, паси курсии худ менишинад.

Ба ҳам салом накардани ду президентро низ ҳама баёнгари то чӣ ҳад боло рафтани сатҳи таниш дар равобити Душанбе ва Бишкек маънидод карданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button