Телеграм-канали Aviaincident, ки ҳодисаҳои фавқулодда бо ҳавопаймоҳову чархболҳоро пайгирӣ мекунад, хабар дод, ки шаби 11 ноябри соли 2022 ҳавопаймои Самара – Душанбеи ширкати русии ҳавопаймоии “Уральские авиалинии” ба сабаби мушкилоти техникӣ натавонист аз фурудгоҳи “Курумоч”-и шаҳри Самараи Русия парвоз кунад. Гуфта мешавад, тасмими лағви ин парвоз замоне гирифта шуд, ки он алакай бо мусофиронаш дар хатти парвоз қарор дошт.
Аз хабари Aviaincident бармеояд, ки шаби 11 ноябри соли 2022, соати 22:57 ба вақти Маскав, дар фурудгоҳи Курумочи Самара ҳавопаймои мусофиркаши тамғаи “Аэробус”-ро аз хатти парвоз ба сабаби пурра маҳкам нашудани даричаи авионика пас гардондаанд.
Тафсилоти дигари ҳодиса дастрас нест. Дар бораи инки оё баъди бартараф кардани мушкили фаннӣ ин ҳавопаймо ба Душанбе парвоз кард ё на?, чизе гуфта нашудааст.
Ҳамин канали Aviaincident се моҳ пеш хабар дода буд, ки шаби 21 ба 22 августи соли 2022 афроди номаълум бо истифода аз лазер кӯшиш кардаанд барои парвози ҳавопаймои Самара – Хуҷанди замин ширкати “Уральские авиалинии” мониа эҷод кунанд.
Aviaincident хабар дода буд, ки “ҳангоми ба осмон баланд шудан капитани ҳавопаймо дар бораи кӯшиши бо лазери рангаш сабз бурдани чашмони онҳо хабар дод. Ҳавопаймо дар он лаҳза дар фосилаи 25 километр аз фурудгоҳи Самара дар баландии 1800 метр қарор дошт. Капитани ҳавопаймо тасмим гирифт, ки бо ин вуҷуд парвозро ба сӯи Хуҷанд идома диҳад”.