ВарзишВидеоҶомеа

ПИСАРИ ҶАҲОНПАҲЛАВОН САИДМӮЪМИН РАҲИМОВ БА 20 СОЛ ЗИНДОН МАҲКУМ ШУД (ВИДЕО)

Додгоҳи шаҳри Душанбе рӯзи 10-уми ноябри соли 2022 Саидаҳмад Раҳимов, писари ҷаҳонпаҳлавон Саидмӯъмин Раҳимовро ба иттиҳоми куштор ба 20 сол зиндон маҳкум кард. Қаблан айборкунандаи давлатӣ аз додгоҳ айни чунин ҳукмро талаб карда буд. Бино ба гузориши Радиои Озодӣ,  ҷониби маҳкумшуда аз қарори додгоҳ норозигӣ кардааст.

ВКД қаблан хабар дода буд, ки Саидаҳмад Раҳимови 22-сола  5 августи соли ҷорӣ Муҳаммадҷовид Зокирзода, сокини ноҳияи Варзобро, ки аз вай қарздор буд, бо 17 зарби корд ба ҳалокат расондааст.

Фирдавс Субҳонзод, вакили дифои хонаводаи Саидаҳмад Раҳимов рӯзи 10-уми ноябр пас аз эълони ҳукми додгоҳ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки зерҳимояааш дар мурофиаи додгоҳӣ аз кирдораш пушаймонӣ кард. Вай афзуд, ки аз додгоҳ хоҳиш карда буданд, ки ҷавониаш, фарзанди ноболиғ доштан ва саробони хонавода буданашро ба назар гирифта, ба ӯ ҷазои сабуктар диҳанд.

“Аз тарафи хешовандони зерҳимояам ба наздикони ҷабрдида 52 ҳазор сомонӣ ҳамчун зарари маънавӣ дода шуд, ки онҳо баъди қабули ин маблағ аз даъво даст мекашанд, аммо ба гуфтаи худ наистоданд”, афзудааст Фирдавс Субҳонзод.

Аммо ин иддаои пулгирӣ бо ваъдаи аз даъво даст кашиданро хонаводаи ҷавони кушташуда Муҳаммадҷовид Зокирзода беасос хонданд. Онҳо гуфтанд, ба ҳукми додгоҳ эътироз надоранд.

Матлуба Ғаниева, модари Муҳаммадҷовид Зокирзода гуфт, “аз ҳукми суд розиям. Барои чӣ? Барои он, ки кӯдаки ноболиғ дорад. Ҳамон суд худаш чӣ хеле ҳукм баровард. Ҳамон ҳам ба хотири духтараш. Ман дидам, духтари майда дорад”.

Ин қазия ба далели писари паҳлавони шинохтаи тоҷик Саидмӯъмин Раҳимов будани қотил мавриди таваҷҷуҳ қарор дошт.

Саидмӯъмин Раҳимов, ки соли 1946 дар деҳаи Ҷорӯбқули ҳозира ноҳияи Темурмалик ба дунё омада, соли 2009 дар Душанбе вафот кард, нахустин паҳлавони тоҷик аст, ки соли 1975 дар гуштини самбо сазовори унвони қаҳрамони ҷаҳон шуд.  Паҳлавони номдор дар оромгоҳи Лучоб ба хок супурда шуда,  Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳоло ба номи Саидмӯъмин Раҳимов гузошта шудааст.

Тавре қаблан хабар дода будем, санаи 5 августи соли 2022 ҷасади бо як бераҳмии махсус кушташуда ва ба хун оғӯштаи Зокирзода Муҳаммадҷовиди Тоҷиддин, соли таваллудаш 1999, сокини деҳаи Чорбоғи ноҳияи Варзобро аз як макони беодам  дар назди корхонаи шағалбарории воқеъ дар ноҳияи Фирдавсӣ пайдо карданд.

Бо изи гарм ҳамчун гумонбар дар содир кардани ин ҷинояти мудҳиши одамкушӣ шаҳрванд Раҳимов Саидаҳмад Саидмӯминович, соли таваллудаш 2000, сокини шаҳри Душанбе фарзанди паҳлавони шуҳратёри тоҷик марҳум Саидмӯъмин Раҳимов дастгир карда шуд.

Маълум шуд, ки Саидаҳмад Раҳимов қаблан бо марҳум Муҳаммадҷовид Зокирзода муносибатҳои молиявӣ ва додугирифти қарзӣ дошта, муноқишаи байни онҳо ва ҷинояти одамкушӣ низ реша дар нофаҳмиҳои байни ҳарду дар масоили пулӣ доштааст.

Ба гуфтаи ВКД, Саидаҳмад Раҳимов аз қабл нақшаи кушторро кашида, ба ҳамин мақсад бо корд мусаллаҳ  шуда ва  рӯзи 5 август ҷабрдидаро махсус ба як макони беодаму касногузар овардааст.

Дар маҳалли “разбор” дар назди корхонаи шағалбарорӣ баҳси ҳарду ба муноқиша  мепечад ва Саидаҳмад Раҳимов Муҳаммадҷовидро бо 16 зарбаи корд ба ҳалокат расондааст.

Худи дастгиршуда ҳодисаро дар гузориши нашршуда чунин нақл кард: “Вақте ки аз гарданам қапидагӣ буд, дастонам ҳуй (кушода, боз) буд.  Телааш додам чанд бор, вале бароварда натавонистам худро. Баъд (бо корд) ба шикамаш, ба пояш задан гирифтам, то сар доданаш задам. Сар, ки дод, ман ғалтидам дар даруни об. Вақте ман меғалтидам, вай шишт алакай дар ҷояш. Аз танаш хун мебаромад, ман бошам аз он тараф бо як роҳча рафтам ба тарафи поён…”

ВКД тафсилоти дигар надодааст, вале наздикони ҷавони мақтул қаблан ба ҳафтаномаи “Фараж” гуфтанд, ки  Саидаҳмад ва Муҳаммадҷовид ҳамсинф буданд ва Саидаҳмад барои он даст ба ин ҷиноят задааст, ки Муҳаммадҷовид аз вай 20 ҳазор сомонӣ пули қарзашро талаб кардааст.

Матлуба Ғаниева, модари Муҳаммаҷовид рӯзи 17 август ба Радиои Озодӣ  низ нақл кард, ки сабаби муноқиша масъалаи қарз буд:  Ҳамон рӯзе, ки мурдаи писарамро оварданд, соати 1 ё 2 бачаи ман билет дошт, бояд мерафт Туркия. Хайрухуш кард. Ба рафиқаш, ки ҳамсинф низ ҳастанд, гуфт, пулро дода наметавонистӣ, мегуфтӣ, наметавонам. Рафиқаш ваъда дод, ки медиҳам, рафтем хонаи хусурам. Пулро надиҳам гуфта, бачаамро 16 корд зада куштааст”-афзуд, Матлуба Ғаниева, модари Муҳаммадҷовид.

Муҳаммадҷовид ба тиҷорати мол аз Туркия машғул будааст. Саидаҳмад Раҳимов ба иттилои пайвандонаш, хатмкардаи Академияи вазорати умури дохилӣ мебошад. Пайвандони ӯ иддао карда буданд, ки марҳум Муҳаммадҷовид барои бозпас гирифтани қарзаш борҳо ба Саидаҳмад таҳдид кардааст. Вале модари ҷавони фавтида ин иддаоро беасос номид.

Наздикони Муҳаммадҷовид гуфтанд, вақти ҳодиса дар мошини марҳум як ноболиғ низ буд. Некрӯз Зокирзода, амакбачаи Муҳаммадҷовид гуфт: “Рӯзи ҳодиса Муҳаммадҷовид рафиқаш Саидаҳмадро аз Лучоб ба мошинаш савор мекунад. Дар мошин ҷияни синфи 7-и марҳум низ будааст. Саидаҳмад мегӯяд, ин кӯдакро фарор, куҷо мебарӣ?, Муҳаммадҷовид не мегӯяд. Саидаҳмад мегӯяд, хонаи хусурам меравем, гирифта медиҳам. Тарафи бозори “Корвон” мераванд. Он ҷо Саидаҳмад аз мошин фаромада,ним соат дер мекунад. Муҳаммадҷовид занг зада мегӯяд, зуд бош, ки ман дер мекунам, билет дорам. Биё, ҳозир бармегардем, мегӯяд Саидаҳмад. Муҳаммадҷовид кӯдакро дар мошин монда меравад, лекин 5 соат бедарак мешавад. Дар ҳамин байн ҳодиса рух медиҳад. Баъди ду соати хабардор шудани мақомот гумонбарро дар Душанбе дастгир карданд…”

Рахимов Саидмумин

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button