ВидеоМуҳоҷирон

БОЗДОШТИ ЯК ҶАВОНИ ТОҶИК БАРОИ ТАҲДИД БА ЖУРНАЛИСТИ РУС (ВИДЕО)

Дар вилояти Тулаи Русия ба зидди як шаҳрванди 26-солаи Тоҷикистон бар асоси қисми сеюми моддаи 144 Кодекси ҷиноятии Русия бо иттиҳоми мамониат ба фаъолияти касбии журналистон бо таҳдиди зӯроварӣ парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд. Гуфта мешавад, ҷавони тоҷик дар пайи нашри як мақола дар гӯшаи “Накажи автохама” дар  бораи нодуруст манъ кардани мошинаш дар кӯча аз 21 то 28 октябр бо муаллифи он хабар дар сомонаи маҳаллии Myslo Сергей Стариков вориди тамосу мукотиба шуда, бо талаби аз саҳифа гирифтани он матлаб ӯро таҳдид кардааст. Акнун ба ин ҷавони тоҷик бар асоси қисми сеюми моддаи 144 ҳамчун ҷазо то 5 соли корҳои ислоҳӣ ваё то 6 соли зиндон таҳдид мекунад.

Худи ин ҷавон барои шарҳи моҷаро дастрас нест, вале раёсати тафтишоти вилояти Тула рӯзи 10 ноябри соли 2022 хабар дод, ки тафтишот муайян кардааст, ки марди дастгиршуда дар давоми як ҳафта, дақиқтараш аз 21 то 28 октябри соли ҷорӣ чандин бор  ба журналисти як расонаи минтақавӣ занг зада,  бо таҳдиди куштан талаб кардааст, ки мақолаашро пок кунад.

 “Шахсияти ин мард ва макони будубошаш дар натиҷаи кори муштараки кормандони раёсати тафтишот ва раёсати корҳои дохилии вилояти Тула муайян карда шуд. Дар ҳоли ҳозир, ӯ дар боздошт қарор дорад ва ба зудӣ ба зидди вай айб эълон шуда, муаффатиши шуъбаи якуми тафтиши парвандашои махсусан муҳим дар додгоҳ масъалаи интихоби чораи пешгириро хоҳад гузошт. Тафтиши парвандаи ҷиноятӣ идома дорад”, – гуфта мешавад дар хабар.

Раёсати тафтишот дар иттилоияаш шахсияти нафари дастгиршударо ошкор накардааст, вале нашрияи маҳаллии Мyslo бо такя ба манобеи худ хабар дод, ки бо иттиҳоми таҳдид ба журналисти ин нашрия Сергей Стариков як шаҳрванди 26-солаи Тоҷикистонро дастгир кардаанд.

Бино ба гузориши нашрия, ба Стариков баъди нашри мақолаҳо дар гӯшаи “Накажи автохама” таҳдид кардаанд.

 “Одамони лаҳнашон монанд ба қафқозӣ талаб кардаанд, ки мақола дар бораи вайрон кардани қоидаҳои роҳ аз сӯи ронандаи мошини “Мазда”-ро аз сомона бардорад. Ба болои ин, яке аз онҳо ваъда додааст, ки хабарнигори моро “пайдо мекунад ва чок мекунад”. Сергей  ба пулис ариза навишт”, –  хабар додааст Myslo. Ин нашрия матни мукотиба бо таҳдидҳо нисбат ба муаллифи мақоларо низ нашр кардааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button