ВидеоҶанг дар Украина

АҚИБНИШИНИИ АРТИШИ РУСИЯ АЗ ХЕРСОН: РУСИЯ ДАР ПЕШОРӮИ БОЗ ЯК ШИКАСТИ БУЗУРГ ДАР УКРАИНА? (ВИДЕО)

Фармондеҳони артиши Русия рӯзи 9 ноябри соли 2022 эълон карданд, ки нирӯҳои худро аз шаҳри Херсон ба соҳили чапи дарёи Днепр берун мекашанд. Фармондеҳи артиши Русия дар Украина Сергей Суровикин гуфт, “дар соҳили рости Днепр нигоҳ доштани нирӯҳо дигар маъно надорад”. Амалан ин ба маъноест, ки нирӯҳои Русия ба фишори ҳамлаи артиши Украина тоб наоварда, бидуни ҷанг Херсонро ба Украина пас месупоранд. Агар Херсон ба дасти нирӯҳои Украина гузарад, ин сеюмин шикасти бузурги Русия дар ҷанги Украина баъд аз нокомиашон дар роҳи фатҳи Киев, пойтахти Украина ва ақибнишиниашон аз вилояти Харков хоҳад шуд.

Фармондеҳи артиши Русия дар Украина, генерал Сергей Суровикин қаблан гуфта буд, ки вазъият дар ҷабҳаи Херсон хеле вахим асту  “қарори ғайриоддӣ”-ро талаб мекунад.  Рӯзи 9-уми ноябри соли 2022,  Суровикин дар ҷараёни ҳисоботаш ба вазири мудофиаи Русия Сергей Шойгу, ки тариқи шабакаҳои телевизионии Русия намоиш дода шуд, Суровикин иброз дошт, ки “дар соҳили рости дарёи Днепр нигоҳ доштани хатти мудофиа ояндадор нест”. Аз ҳамин лиҳоз ӯ  пешниҳод кард, ки “барои ҳифзи ҷони сарбозон ва доштани хатти мудофиа қобили эътимод, бояд низомиёни рус қисмати рости дарёи Днепрро”, ки шаҳри Херсон аст, тарк кунанд.

Шойгу низ ба пешниҳоди генералаш розӣ шуда, фармон дод, то низомиёни рус шаҳреро, ки 30-юми сентябри соли равон Путин як қисми ҷудонашавандаи хоки Русия хонда буд, ба Украина таслим кунанд.

Шаҳри Херсон ягона маркази вилоят буд, ки Русия алакай рӯзи 2-юми марти соли 2022, яъне алакай як ҳафта баъди шурӯи ҳамла ба Украина (24-уми феврали соли 2022)  ишғол карднж.

Андрей Турчак, як мансабдори баландмақоми рус зимни боздид аз ин шаҳр гуфта буд, ки “Русия барои ҳамеша дар Херсон мемонад ва дар ин ҳеҷ ҷои шакке нест.”

Кирил Стремоусов

Қарори ба қаламрави Русия ҳамроҳ кардани Херсонро Путин 2-юми октябри соли равон имзо карда буд. Аммо ҳамагӣ баъд аз ду ҳафта, фармондеҳи артиши Русия дар Украина, генерал Сергей Суровикин гуфт, ки дар пеш ӯро “интихоби вазнин” интизор аст ва ба тахлияи шаҳр оғоз кард. Аз ин қарори Кремл сухангӯи ҳукумати нави дастнишондодаи Маскав , Кирил Стремоусов, ки дар мансаби ҷонишини раиси ҳукумати худхондаи вилояти Херсон ифои вазифа мекард,норозӣ буд ва борҳо аз тариқи ТВҳои Русия мухолифати худро ба ҳар гуна ақибнишинии қӯшунҳои  Русия баён мекард.  Рӯзи 9 ноябр, дар рӯзе эълони хабари хуруҷи нирӯҳои Русия аз Херсон хабар омад, ки Стремоусов гӯё дар як садамаи нақлиётӣ ба ҳалокат расидааст.

Ин дар ҳолест, ки субҳи 9 ноябр Стремоусов ба эфири мустақим баромада, вазъи мавҷуда дар Херсонро аз диди худ шарҳ медод.

Вале ҷониби Украина ҳанӯз мутмаин нест, ки Русия шаҳри Херсонро бе ҷанг таслим кунанд. Гуфта мешавад,нирӯҳои Русия қабл аз ақибнишинӣ даст ба харобкорӣ зада, бо мақсади мушкил сохтани пешравии нирӯҳои Украина биноҳо ва пулҳоро валангор карда истодаанд. Рӯзи 9 ноябр дар бораи тахриби 5 пул дар Херсон аз ҷониби артиши Русия хабарҳо ба даст расиданд.

Мушовири дастгоҳи президенти Украина Михаил Подоляк ин ақибнишинии русҳоро шарҳ дода гуфтааст, “бояд рафтори воқеии русҳоро мунтазир шуд. То замоне, ки парчами давлатии Украина дар шаҳри Херсон қомат наафканад, ҳарф задан аз ақибшинии қӯшунҳои Русия ғайримантиқист”. 

Русия рӯзи 24 феврали соли 2022 бо баҳонаи ҳимоят аз ҳуқуқу манфиатҳои сокинони русзабони Донбасс ба Украина ҳамла кард ва дар моҳҳои аввал тавонист қисматҳои зиёде аз қаламрави Украинаро дар шарқ ва ҷануби он кишвар ишғол кунад. Вале баъдан пешравии нирӯҳои Русия мутаваққиф шуд ва моҳҳои ахир баракс ҳама шоҳиди ақибнишинии артиши Русия аз бисёре аз шаҳру ноҳияҳои ишғолкардааст, аз ҷумла дар атрофи Киев, пойтахти Украина ва вилояти Харков шуданд. Дар ду моҳи ахир артиши Украина дар умум 48% хоки худро аз русҳо бозпас гирифтаанд. То имрӯз аз 90,8 ҳазор километри мураббае, ки русҳо ишғол карда буданд ба нерӯҳои Украина муяссар шудааст, ки 43,5 ҳазор километри мураббаъро баргардонанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button