ВидеоМуҳоҷиронҶанг дар Украина

ЗОДАИ ТОҶИКИСТОН РУСЛАН МУЛЛОХОЛОВ ДАР УКРАИНА КУШТА ШУД (4 АКС)

Рӯзи 7 ноябри соли 2022, дар Гулгашти Шарафи оромгоҳи Полинковои шаҳри Тамбови Русия маросими дафни разведчик-снайпер, сержанти хурди гвардия Руслан Муллохолов доир шуд. Руслан, ки 32 сол дошт ва дар Тоҷикистон ба дунё омада, дар шаҳри Рассказовои вилояти Тамбов ба воя расидааст, дар ҷанги Украина кушта шуд. Аз ӯ як духтарчаи дуюнимсола ятим монд.

Манбаи ин хабар, нашрияи маҳаллии «ТВолк» менависад, ки рӯзи 24 сентябри соли 2022 гуруҳи ҷосусие, ки Руслан Муллохолов низ дар ҳайъати он буд,  дар ноҳияи Купянски вилояти Харкови Украина ҳадафи тӯпборон қарор гирифт ва ин зодаи Тоҷикистон ҷароҳатҳои муҳлик бардошт.

Руслан Муллохолов соли 1990 дар Тоҷикистон ба дунё омада буд. Оилаи онҳо соли 1999 ба шаҳри Рассказово, воқеъ дар 33километрии шарқи шаҳри Тамбов кӯчид. Руслан дар ҳамин ҷо аввал дар мактаби №6 ва сипас дар мактаби №3 ташсил кард ва баъди хатми синфи 9 ба омӯзишгоҳ дохил шуд, то касби штукатурчию рангмолиро аз худ кунад.

Вале баъди анҷоми хидмати ҳарбӣ Руслан Муллохолов бо вазорати мудофиа қарордод баст ва дар ҳайъати нирӯҳои вижаи артиши Русия дар вилояти Тамбов хидмат мекард.  Аз медалҳои ҷангиаш бармеояд, ки Руслан Муллохолов дар амалиёти ишғоли Қрим ва ҷанги Сурия иштирок кардааст ва ба ҷанги Украина ба ҳайси муовини фармондеҳи гуруҳи ҷосусӣ рафтааст. Ӯ дар ҳайъати ин гуруҳ ба ҳайси разведчик ва снайпер хидмат мекард.

Руслан Муллохолов соҳиби чандин медали ҷангӣ, аз ҷумла медали “Барои баргардондани Қрим”,  медали “Иштирокчии амалиёти ҳарбӣ дар Сурия”, “Барои корнамоӣ дар ҷанг” («За боевые отличия») “Барои шуҷоат дар ҷанг” («За воинскую доблесть») дараҷаи I, медали Суворов ва медали “Барои шуҷоат” («За отвагу») будааст ва ҳанӯз соли 2017, дар синни 27 мақоми ветерани ҷангро ба даст овардааст.

Татяна, ҳамсари Руслан дар суҳбат бо “ТВолк” гуфт: “Сафарҳояш ҳамеша хеле тӯл мекашид. Духтари мо Лия дуюним сол дорад ва нусхаи канда гирифтаи падараш аст, вале агар  ҳамаашро ҳисоб кунем,  падараш ӯро шояд ҳатто камтар аз як сол дида бошад. Ӯ хеле пазмон мешуд, бахусус вақтҳои охир”.  Татяна ҳамчунин нақл кардааст, ки Руслан мехост соҳиби маълумоти олӣ шавад ва ғоибона ба донишгоҳ дохил шуда буду мебоист як сол баъд таҳсилашро ба поён мерасонд. Вале ин орзуи Руслан мисли даҳҳо орзуи дигараш ҳамроҳи ӯ ба хок рафт…

Русия рӯзи 24 феврали соли 2022 бо баҳонаи ҳимоят аз сокинони русзабони Донбасс ба Украина ҳамла оварда, қисматҳои бузургеро дар шарқ ва ҷануби ин кишвар ишғол кард. Вале моҳҳои охир пешравии артиши Русия дар Украина нафақат манъ карда шуд, балки Русия маҷбур шуд, ки аз бисёре аз қаламравҳои қаблан ишғолкардааш ақибнишинӣ кунад. Шикастҳои аз ҳама сахтро артиши Русия дар ҷабҳаҳои Херсон ва Харков дучор шудааст. Руслан Муллохолов низ дар ҳамин ҷабҳаи ахир кушта шуд.

Ҳам Украина ва ҳам Русия дар рафти ин ҷанг талафоти сангин доданд, ки аз ҳар ду тараф ба даҳҳо ҳазор нафар мерасад. Дар байни онҳо даҳҳо зодаи Тоҷикистон низ ҳастанд, ки дар саффаи артиши Русия хидмат мекарданд ва ба ҷанги Украина фиристода шуданд. Акнун Руслан Муллохолов ба шумори қурбониёни тоҷики ҷанги Украина як нафари дигар афзуд…

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button