ВарзишВидео

РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БА ТЕМУР РАҲИМОВ ХОНА ТУҲФА КАРД ВА БА МУЛЛОРАҶАБ ХАЛИФАЕВ – 100 ҲАЗОР СОМОНӢ

Бо қарори раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба Темур Раҳимов – паҳлавони шинохта ва узви яккачини дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастпарвари “Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба намудҳои гуштин”, барои гирифтани ҷои якум ва ба даст овардани медали тилло дар мусобиқаи “Тоскулоҳи бузурги Боку 2022” (“Baku Grand Slam 2022”) хонаи дуҳуҷрагӣ дар пойтахт бо тамоми шароити рӯзгор ва ба Муллораҷаб Халифаев – дастпарвари “Мактаби махсуси варзишии захираҳои олимпии №6 оид ба намудҳои гӯштин”-и шаҳри Душанбе барои сазовор гардидан ба ҷои дуюм ва гирифтани медали нуқраи ҳамин мусобиқа 100 000 сомонӣ тақдим карда шуд. Дар ин бора рӯзи 7 ноябри соли 2022  хадамоти матбуоти шаҳрдории Душанбе  бо нашри як иттилоияи вижа хабар дод.

Рустами Эмомалӣ аз ин қабл дар аввали моҳи сентябри соли 2022 ба паҳлавони ҷавони тоҷик Нуралии Эмомалӣ низ барои пирӯзиаш дар чемпионати ҷаҳон оид ба гуштини дзюдо дар байни ҷавонон дар Душанбе як хонаи нави дуҳуҷрагӣ бо тамоми шароити рӯзгор туҳфа карда буд.

Аз 4 то 6 ноябри соли 2022 дар шаҳри Боку, пойтахти Озарбойҷон мусобиқаи “Тоскулоҳи бузурги Боку 2022” оид ба гуштини дзюдо баргузор гардид, ки дар он варзишгарони зиёда аз 60 давлати ҷаҳон иштирок намуданд. Дар ин мусобиқаи бонуфуз Тоҷикистонро 12 варзишгар намояндагӣ карданд, вале аз ин шумор танҳо 2 нафар соҳиби медал шуданд. Темур Раҳимов дар рзи ниҳоии мусобиқа дар вазни беш аз 100 кило соҳиби медали тилло шуд ва Мулораҷаб Халифаев  рӯзи 4 ноябр дар вазни -66кг ба гирифтани медали нуқра мушарраф гардид.

Медали тиллои Темур Раҳимов аввалин медали тиллои гуштингирони тоҷик ба намояндагӣ аз Тоҷикистон дар мусобиқаҳои гуштини дзюдо аз силсилаи “Гранд Слам” аст. Қаблан  паҳлавони тоҷик Маҳмадбек Маҳмадбеков дар солҳои 2021 ва 2022 се маротиба сазовори медалҳои тилло дар мусобиқаҳои “Гранд Слам” шуда буд, вале ӯ ба фарқ аз амакбачааш Сомон Маҳмадбеков дар ҳайъати тими Русия ҳунарнамоӣ мекунад.

Муллораҷаб Халифаев соли 1999 ба дунё омада, дар вилояти Свердловски Русия таҳти роҳбарии мураббии шинохта Евгений Печуров машқи гуштин мекунад. Ӯ қаблан дар ҳайъати тими миллии Русия ҳунарнамоӣ мекард. Муллораҷаб Халифаев соли 2019 чемпиони Русия дар гуштини дзюдо шуда, соли 2021 дар мусобиқоти қаҳрамонӣ ва Ҷоми Русия соҳиби медали биринҷӣ шуда буд.

Темур Раҳимов 8 июли соли 1997 дар ноҳияи Рӯдакӣ (собиқ Ленин) ба дунё омада, аз шашсолагӣ бо ҳидояти бобояш Рустам Абдураҳмонов ба машқи гуштин сар кардааст.

Темур Раҳимов соли 2022 дар Гранд Слами Тел Авив, Анталия ва Абу Забӣ медали биринҷӣ ба даст оварда, дар Гранд Слами Боку соҳиби медали тилло шуд. Ӯ соли 2021 дар Боку медали нуқра гирифта буд. Темур Раҳимов ҳамчунин имсол дар чемпионати ҷаҳонии дзюдо ҷои панҷум, дар Чемпионати Осиё ҷои дуюмро сазовор гардид ва феълан дар радабандии ҷаҳонии дзюдо дар вазни беш аз 100 кг дар зинаи аввал қарор дорад. Соли 2020 дар Бозиҳои олимпии Токио Темур Раҳимов парчамбардори тими миллии олимпии Тоҷикистон буд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button