ВидеоРӯйдодҳои Бадахшон

9 ТАҒЙИРОТИ КАДРӢ ДАР МАҚОМОТИ РОҲБАРИИ БАДАХШОН (12 АКС)

Маркази матбуоти ҳукумати Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хабар дод, ки рӯзи 4 ноябри соли 2022 дар як ҷаласаи ғайринавбатӣ дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ин вилояти мухтори воқеъ дар шарқи Тоҷикистон як силсила тағйироти кадрӣ сурат гирифтааст.

Аз ҷумла:

  1. Атобеков Шараф Броимбекович аз вазифаи ёрдамчии раиси ВМКБ озод ва ба мансаби муовини сардори Раёсати рушди иқтисод ва савдои вилоят таъйин шудааст.
  2. Гулмамад Гулмамадов Усмонович ба вазифаи мудири шуъбаи ташкилии дастгоҳи раиси вилоят,
  3. Муминшоева Хурмо ба мансаби сармутахассиси шуъбаи кор бо занон ва оилаи ВМКБ,
  4. Саидбаҳроншоева Бегим Толибшоевна ба вазифаи мудири бахши муроҷиат ва қабули шаҳрвандони дастгоҳи раиси вилоят,
  5. Амиршоев Кишвар Амиршоевич ба мансаби сармутахассиси бахши иттилоотӣ – таҳлилии дастгоҳи раиси ВМКБ,
  6. Кабирова Нуриниссо Боқиршоевна ба мансаби мутахассиси Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ВМКБ,
  7. Насуллоева Гулнамо Маҳрамбековна ба вазифаи сармутахассиси шуъбаи меъморӣ ва шаҳрсозии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ,
  8. Мамадносиров Мамадносир Қурбонасейнович аз вазифаи мудири бахши муроҷиат ва қабули шаҳравандон озод ва ба мансаби директори Корхонаи воҳиди давлатии “Маркази ҷавонон ва варзиш” – и ВМКБ ва
  9. Иматшоев Артур Аҳмадшоевич ба вазифаи мутахассиси пешбари Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ВМКБ таъйин гардиданд.

Дар хабар гуфта мешавад, ки раиси вилоят Мирзонабот Алишер Худобердӣ кадрҳои навтаъйинро бо мансабҳои нави хизматӣ табрик намуда, аз онҳо масъулияти баландро дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ талаб кард. Генерал Мирзонабот ҳамчунин зикр кардааст, ки “бо ҳидояти президент Эмомалӣ Раҳмон ВМКБ ба марҳилаи нави рушд ворид гардид ва моро зарур аст, ки дар ҷодаи созандагию бунёдкорӣ аз ҳарвақта дида, бештар талош намоем”.

Алишер Мирзонабот, афсари собиқи қӯшунҳои марзбонӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, моҳи ноябри соли 2021 ба ҷои Ёдгор Файзов, ки байни мардум аз маҳбубияти зиёде бархӯрдор буд, раиси ВМКБ таъйин шуд. Алакай 25 ноябр, баъди ҳамагӣ се ҳафтаи раёсати генерал Мирзонабот, дар шаҳри Хоруғ дар пайи марги мармузи сокини ноҳияи Роштқалъа Гулбиддин Зиёбеков эътирозҳои густардае оғоз ёфт, ки 4 рӯз давом кард ва танҳо баъди ваъдаи таҳқиқи куштори Зиёбеков ва ба ҷавобгарӣ кашондани гунаҳкорон мардум пароканда шуданд.

Моҳи майи соли 2022 мавҷи нави эътирозҳо дар Бадахшонро мақомот бо истифода аз нирӯҳои вижа ва силоҳ саркӯб карданд. Даҳҳо нафар кушта ва тақрибан 200 нафар, аз ҷумла 9 тан аз лидерҳои ғайрирасмии Бадахшон дастгир шуданд. Додситонии кулли Тоҷикистон ахиран кушта шудани 29 сокини Бадахшон ва ба додгоҳ рафтани парвандаҳои 109 тан аз зодагони ин вилоятро тасдиқ кард ва гуфт, ҳукми 77 нафари онҳо алакай содир шудааст. Мақомот исрор меварзанд, ки дар ҷараёни пароканда кардани эътирозҳо дар Бадахшон касе аз аҳолии мулкӣ осеб надидааст. Вале ҳомиёни ҳуқуқ мақомоти Тоҷикистонро ба истифодаи беш аз ҳадди нирӯ ва куштани эътирозгарон  ва латтукӯби шиканҷаи дастгиршудагон айбдор мекунанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button