Хабарҳои кӯтоҳ

ҲАЛОКАТИ ДУЧАРХАРОНИ НОБОЛИҒ ДАР РОҲИ ҒАРҒАРА – ПУШИНГ

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки рӯзи 3-юми ноябри соли 2022, тахминан соати 14:00, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Бобохонзода Баҳром Бобохон, соли таваллудаш 1972, сокини ноҳияи Данғара, ҳангоми ҳаракат аз самти деҳаи Ғарғара ба самти деҳаи Пушинги ноҳияи мазкур, аз уҳдаи идораи автомашина набаромада, дучархарони ноболиғ Ибрагимов Баҳром Ҳасанович, соли таваллудаш 2010, сокини шаҳри Бохтарро пахш намудааст.
Дар натиҷа, ноболиғ. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона дастрас намудан дар роҳ ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

Ҳар сол бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон то 400 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 1200 тани дигар маъюб мешаванд. Бино ба охирин маълумоти ВКД, дар 6 моҳи аввали соли 2022 дар Тоҷикистон 482 садама рӯй додааст. Дар ин садамаҳо 180 нафар ба ҳалокат расида ва 509 нафар ҷароҳат бардоштаанд. 

Худро ва азизони худро эҳтиёт кунед!

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button