Хабарҳои кӯтоҳҲодиса

ПОЯШ ЛАҒЖИД… ДАР ПАНҶАКЕНТ ЯК НАВРАС БА ДАРЁИ ЗАРАФШОН АФТОДА, ҒАРҚ ШУДААСТ

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон дар бораи боз як ҳодисаи нохуши марговар ҳангоми ҳезумчинӣ хабар дод.

Бино ба иттилои ин ниҳод, шоми 1 ноябри соли 2022, тақрибан соати 18:40, як сокини 17-солаи деҳаи Мингдонаи ҷамоати Ёрӣ дар канори шаҳри Панҷакент ҳангоми ҷамъоварии ҳезум ба сабаби риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ пояш лағжида, ба дарёи Зарафшон афтодааст. Наҷотбахшони шуъбаи ҳолатҳои фавқулоддаи водии Зарафшон шоми 1 ноябр ба амалиёти ҷустуҷӯӣ сар карданд, вале бо расидани торикӣ, ҷустуҷӯ қатъ карда шуд. Ҷустуҷӯи навраси ғарқшуда субҳи 2 ноябр аз сар гирифта шуд.

Тафсилоти дигари ин ҳодиса ҳанӯз дастрас нест.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда менависад, рӯзҳои охир чандин бор сокинонро аз бад шудани обу ҳаво ҳушдор дода, хоста буд, то дар ин рӯзҳо, ба хусус дар минтақаҳои кӯҳистон,  аз рафтан ба ҳезумчинӣ, шикор ё чаронидани чорво худдорӣ кунанд ва ба вижа кӯдаконро ба ин корҳо ҷалб накунанд. Вале, бо изҳори таассуф меафзояд ин ниҳод, на ҳамаи шаҳрвандон ба ин ҳушдорҳо гӯш медиҳанд, ки чунин фориғболӣ дар ниҳоят ба фоҷиа меорад.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда  бори дигар ба сокинони манотиқи кӯҳистон ва доманакӯҳ муроҷиат карда, ах онҳо хостааст, ки ҳангоми чаронидани чорво, ҳезумчинӣ ва шикор ҳушёр бошанд ва ба қадри имкон то поёни ҳафтаи равон аз ин корҳо худдорӣ кунанд. Кумита ба хусус ба ин корҳо ҷалб кардани ноболиғонро хатарнок номидааст.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда қаблан бо такя ба маълумоти ҳавошиносон хабар дода буд, ки дастикам то 2 ноябри соли 2022 ҳаво дар Тоҷикистон номусоид шуда, дар водиҳо борон ва дар кӯҳҳо барфи тар меборад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button