ВидеоКоррупсияМуҳоҷирон

МУҲОҶИРИ ТОҶИК ДАР РУСИЯ БА ДОДАНИ РИШВА БА ПУЛИС АЙБДОР МЕШАВАД

Дар шаҳри Апататии вилояти Мурманск дар шимоли Русия як корманди пулис аз 15 ҳазор рубл пуле, ки як муҳоҷири тоҷик ҳамчун ришва пешниҳод карда буд, даст кашидааст. Ин муҳоҷирро, ки дар маркази савдои “Май” тухми моҳӣ мефурӯхт, рӯзи 3 августи соли 2022 дар ҷараёни як рейд барои тиҷорати ғайриқонунӣ дастгир кардаанд ва ӯ хостааст, ба пулис ягон сӯм дода, худро халос кунад. Ҳоло ба вай ҳамчун ҷазо  то якуним миллион рубл ҷарима ваё то 8 сол ҳукми зиндон таҳдид мекунад.

Раёсати тафтишоти вилояти Мурманск рӯзи 2 ноябри соли 2022 хабар дод, ки  шуъбаи тафтишоти шаҳри Апатити тафтиши пешакии парвандаи ҷиноятии як шаҳрванди Тоҷикистон, соли таваллудаш 1984-ро, ки бар асоси қисми сеюми моддаи 291 Кодекси ҷиноятии Русия ба кӯшиши додани пора ба мансабдори давлатӣ айбдор мешавад, анҷом дода, ин парвандаро ба додгоҳ супурдаанд.

Худи муҳоҷири тоҷик, ки аз замони шурӯи парвандааш инак се моҳ боз дар боздоштгоҳ қарор дорад,  барои шарҳи қазия дастрас нест.  Алина Александрович, ёвари раҳбари раёсати тафтишоти вилояти Мурманск  гуфт, дар ҷараёни тафтишоти пешакӣ ин марди зодаи Тоҷикистон аз додани баёнот даст кашидааст, вале тафтишот барои исботи айбнома далелҳои кофӣ ҷамъ овардааст.

Бино ба фарзияи тафтишот, рӯзи 3 август ин муҳоҷири тоҷик дар як дӯкон дар назди фурӯшгоҳи “Май”-и шаҳри Апатити бюа фурӯши маҳсулоти моҳӣ, аз ҷумла тухми моҳӣ (икра) машғул буд.

Алина Александрович мегӯяд: “Дар рафти тафтиш аз ҷониби кормандони шуъбаи амнияти иқтисодӣ ва муқобила бо коррупсияи пулиси Апатити, айбдоршаванда 15 ҳазор рубл пули нақдро ба сифати ришва  дар даруни дафтари корманди пулис мондааст. Дар ивази ин “мукофоти ғайриқонунӣ” ӯ мехост, ки корманди пулис нисбат ба вай барои ғайриқонунӣ ва бидуни асноди лозим фурӯхтани маҳсулоти моҳӣ ва тухми лосос ягон чора наандешад”.

На место преступления в составе следственно-оперативной группы прибыл следователь следственного отдела по городу Апатиты, которым проведен осмотр места происшествия, денежные средства изъяты», – сообщила старший помощник главы следственного управления СКР по Мурманской области по информационному взаимодействию с общественностью и СМИ Алина Александрович.

Ва аммо корманди пулис аз гирифтани ришва даст кашида, муфаттишонро ба ҷои ҳодиса даъват кардааст. Онҳо пулҳои ба корманди пулис пешниҳодкардаи муҳоҷири тоҷикио мусодира карда ва нисбат ба вай парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд.

Бар асоси қисми сеюми моддаи 291 Кодекси ҷиноятии Русия ба ин марди тоҷик ҳамчун ҷазо ҷарима ба маблағи то якуни миллион рубл ваё ҳатто то 8 сол ҳукми зиндон бо ҷарима ба маблағи 30 карат бештар аз ришваи додааш таҳдид мекунад.

Апатити (Апатиты) шаҳрест бо наздики 50 ҳазор аҳолӣ, ки дар минтақаи қутби шимолӣ, дар маркази нимҷазираи Кола, дар 90-километрии ҷануби шаҳри Мурманск  ва 1700-километрии шимоли Маскав, пойтахти Русия ҷойгир шудааст. Аз Душанбе, пойтахти Тоҷикистон то Апатити 5200 километр роҳ аст!

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button