ВарзишВидеоҶанг дар Украина

ТИМИ ФУТБОЛИ РУСИЯ БОРИ АВВАЛ ДАР ТАЪРИХ БО ТИМИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН БОЗӢ МЕКУНАД

Тими миллии футболи Русия, ки ба далели ҷанги Русия ба зидди Украина аз ҳаққи ширкат дар мусобиқаҳои байналмилалӣ маҳрум шуда, бе рақибони ҷиддӣ мондааст, дар ҷустуҷӯи рақибон барои бозӣ рӯ ба Осиёи Марказӣ овардааст.

Тими зери раҳбарии Валерий Карпин алакай рӯзи 24 сентябри соли 2022 дар Бишкек бо тими миллии Қирғизистон як бозии рафиқона анҷом дода, бо ҳисоби 2:1 баранда шуд. Ҳисобро дар ин бозӣ Алимардон Шукуров дар дақиқаи 24-ум кушод, вале Александр Соболев алакай дар дақиқаи 30-юм ҳисобро аз пеналти(зарбаи 11-метра) баробар кард ва дар дақиқаи 89-ум, дар охирин дақиқаҳои бозӣ Даниил Уткин боз як голро ба саман расонд ва тақдири ин бозиро ба нафъи тими Русия ҳал кард. Вале бояд гуфт, ки ФИФА натиҷаҳои ин бозиро ба назар нагирифт.

Акнун, бино ба гузоришҳои пойгоҳҳои хабарҳои варзишии Русия, Иттиҳоди футболи ин кишвар ҷиҳати ташкили бозиҳои рафиқона бо федератсияҳои футболи Ӯзбекистону Тоҷикистон вориди музокирот шудааст. Рӯзи бозиҳо ҳанӯз пурра аниқ карда нашудааст, вале интизор меравад, ки бозии Русия бо Тоҷикистон рӯзи 17 ноябр дар Душанбе ва бо Ӯзбекистон рӯзи 20 ноябр дар Тошканд баргузор мешавад.

Ин нахустин бозии байни тимҳои Русия ва Тоҷикистон мешавад. Тими миллии Тоҷикистон дар рейтинги ФИФА дар зинаи 108-ум қарор дорад, вале имсол бори аввал дар таърихаш барои роҳхат ба марҳалаи ниҳоии Ҷоми Осиё вориди мубориза шуд. Тими миллии Ӯзбекистон дар рейтинги ФИФА дар мақоми 77-ум  ва Қирғизистон дар зинаи 95-ум ҷой гирифтаанд. Тими Русия бо вуҷуди чанд моҳи дур карда шуданаш аз иштирок дар мусобиқаҳо дар рейтинги ФИФА дар мақоми 33-юм, байни Тунису Нигерия аз боло ва Австрияву Чехия аз поён қарор дорад.

Сармураббии тими миллии Русия Валерий Карпин аз посух дар мавриди хабари бозиҳои тимаш бо тимҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон фирор кардааст.

 “Бозиҳо бо Тоҷикистону Ӯзбекистон? Тамоми саволҳоро ба Иттиҳоди футболи Русия диҳед. Аз ман чаро мепурсед? Аз  Иттиҳоди футболи Русия пурсед”, — ҷавоб додааст Карпин ба саволи пойгоҳи хабарии «Спорт-Экспресс».

Вале собиқ сармураббии тими милили Русия Валерий Газзаев ба «Матч ТВ» гуфт, тими миллӣ дар шароити инзивои кунунӣ бояд аз ҳар имкони баргузории бозиҳои дӯстона истифода барад: “Тими миллии мо бояд бозиҳои рафиқона доир кунад. Мутаассифона, имрӯз варзиши мо дар инзивоъ қарор дорад. Дар ин шароит бояд аз ҳар имконият истифода бурд. Бозиҳо бо  Тоҷикистону Ӯзбекистон лозиманд, чунки ҳоло барои тими миллии мо ҳар рақиб, новобаста аз сатҳаш, мисли ҳаво зарур аст”.

Хабари омодагӣ ба бозиҳои рафиқонаи Русия бо Тоҷикистону Ӯзбекистон ба маъноест, ки Русия дигар ба имкони баргузории бозиҳои рафиқона бо тимҳои Эрон ва Босния ва Ҳерзеговина умед намебандад. Дар Эрон хеле машғул будани тими миллиашон дар арафаи чемпионати ҷаҳонро, ки аз 20 ноябр то 18 декабри соли ҷорӣ дар Қатар мегузарад, далел овардаанд.  Босния них то ҳол посухе надод, ки оё барои анҷоми бозии рафиқона бо Русия, ки мебоист рӯзи 19 ноябр дар Санкт-Петербург доир мешуд, меояд ё на?  Дар ҳамин рӯзҳо (17 ва 20 ноябр ба нақша гирифтани бозиҳо бо Тоҷикистону Ӯзбекистон дар Душанбе ва Тошканд маънои онро дорад, ки бозии Русия бо Босния бекор карда шудааст.

Қарори маълум, ду ситораи асосии футболи Босния Эдин Ҷеко  ва Миролим Пянич ба далели ҷанги Русия ба зидди Украина мухолифи бозии тими миллиашон бо Русия буданд.

Бозигари “Интера” ва капитани тими миллии Босния ва Ҳерзеговин Эдин Ҷеко гуфтааст: “Ман хидди бозӣ бо Русияам! Ман ҳамеша тарафдори сулҳам. Иттиҳоди футболи Босния назари маро медонад. Мутаассифона,  тасмимро дар бораи ин ки Босния бо кӣ бозӣ кунад ва бо кӣ накунад?, ман намегирам. Вале ман мавқеи равшане дорам, ки ин мавқеъ иштирок дар ин бозиро иҷозат намедиҳад”.

Нимҳимоятгари “Ал-Шарҷа” ва тими Босния Миролим Пянич  низ даст кашиданаш аз иштирок дар бозии рафиқона бо Русияро ба ҷанги он кишвар ба зидди Украина рабт дод ва гуфт: “Ба ман мудири варзишии тими миллӣ занг зад ва гуфт, имкони бозӣ бо Русия ҳаст. Ман ҷавоб додам, ки дар шароити кунунӣ, бозӣ бо онҳо ягон маъно надорад, чунки ФИФА ва УЕФА онҳоро аз ҳаққи иштирок дар мусобиқаҳо дур кардаанд. Тамоми дунё аз ин шароит азоб мекашад ва мо бояд аввалин шуда, бо онҳо бозӣ кунем? Биёед, аз худ таассуроти бад боқӣ нагузорем. Ман шахсан ягон чизе ба зидди футболбозони Русия надорам, вале вақте ки ҳама аз бозӣ кардан бо тими Русия даст кашиданд, мо ҳам бояд чунин кунем”.

Дар пайи ҳамлаи Русия ба Украина дар моҳи феврали соли 2022, ФИФА ва УЕФА тими Русияро аз ҳаққи иштирок дар мусобиқаҳои байналмилалӣ маҳрум карданд. Тими миллии Русия аз ҷумла аз ҳаққи идомаи мубориза барои охирин роҳхатҳо ба Ҷоми ҷаҳонии футбол, ки моҳи оянда дар Қатар шурӯъ мешавад, маҳрум гардид ва бе роҳхат монд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button