ВидеоТоҷикистон

ШАРИФХОН САФАРЗОДА РАИСИ НОҲИЯИ ВАРЗОБ ТАЪЙИН ШУД

Сафарзода Шарифхон Нураҳмад, ки аз 25 июли соли 2022 иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Варзоб буд, раиси комилҳуқуқи ин ноҳия таъйин шудааст. Фармони президент дар бораи таъйини Сафарзода ба ин мақом дар сомонаи президент ва дигар сомонаҳои расмии ҳукумати Тоҷикистон ҳанӯз нашр нашудааст, вале дар сомонаи расмии ҳукумати ноҳияи Варзоб ӯ алакай ҳамчун раиси ноҳия муаррифӣ мешавад. Қаблан Шарифхон Сафарзода дар сомонаи ноҳия ҳамчун иҷрокунандаи вазифаи раис зикр мешуд.

Тавре қаблан хабар дода будем, бо фармонҳои президенти Тоҷикистон аз 25 июли соли 2022, Шерализода Маҳмадулло “бо сабаби ба кори дигар гузаштан” аз вазифаи раиси ноҳияи Варзоб  озод карда шуда, Сафарзода Шарифхон ба ҷои ӯ иҷрокунандаи вазифа таъйин шуд.

Шарифхон Сафарзода то таъйиноташ ба раҳбарии ноҳияи Варзоб дар вазифаи муовини якуми раиси ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе фаъолият дошт.

Дар бораи Шарифхон Сафарзода маълумоти дигаре дастрас нест. Тарҷумаи ҳоли раиси нави ноҳияи Варзоб дар ягон манбаи боз нашр нашудааст.

Ноҳияи Варзоб, иборат аз як шаҳрак ва 6 ҷамоат, 75 ҳазор аҳолӣ дошта, дар шимоли пойтахти Тоҷикистон, шаҳри Душанбе ҷойгир шудааст. Ин ноҳия бо маконҳои осоишии худ, бахусус бо дараҳои Варзобу Харангону Зиде шуҳрат дорад. Солҳои охир дар Варзоб садҳо бӯстонсароҳои муосир қомат афрохтанд ва нархи замин дар ин минтақа ба далели зиёд будани харидоронаш хеле боло рафтааст. Ба ин далел, мақомҳои раҳбарӣ дар ноҳияи Варзоб дар солҳои охир мансабҳои хеле равғанин дониста мешаванд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button