ВидеоРӯйдодҳои БадахшонХабарҳои кӯтоҳ

ХОНАИ ЯК СОКИНИ ДЕҲАИ ШОШИ НОҲИЯИ РОШТҚАЛЪА ЗЕРИ САНГРЕЗ МОНДААСТ


Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон рӯзи 28 октябри соли 2022 абар дод, ки боронҳои пуршиддати рӯзи гузашта низ дар баъзе манотиқи кишвар хавфу хатарҳое ба дунбол доштанд. Дар баъзе минтақаҳо борон сабабгори омадани сел шуд, вале хушбахтона, ин селҳо ба сокинон  зарар нарасонданд. Дар баъзе манотиқи кӯҳӣ сел сабаби резиши санг шудааст.

Чунончӣ, соати 16:49 дақиқаи вақти маҳаллии рӯзи 27-уми октябри соли равон дар ҳудуди деҳаи Шоши ҷамоати деҳоти Мирсаид Миршакари ноҳияи Роштқалъаи ВМКБ резиши санг ба қайд гирифта шуд.  Бар асари ин ҳодиса манзили истиқоматии яке аз сокинон зарар дидааст.  Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда гуфт, хушбахтона, талафоти ҷонӣ нест ва касе ҳам захм набардоштааст.

Дар айни замон аз ҷониби Комиссияи ҳолатҳои фавқулодаи ноҳияи Роштқалъа ҳаҷми зарари расида муайян карда мешавад.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда бори дигар ба диққати шаҳрвандону меҳмонони кишвар расондааст, ки дар рӯзҳои борониву сардӣ хеле эҳтиёткор бошанд ва чораҳои амнияту бехатариро риоя намоянд.  

“Ҳамоно рафтан ба ғунучини ҳезум, шикор ва моҳидорӣ маслиҳат нест.Ронандагон бояд ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои кӯҳӣ дар чунин рӯзҳои боронӣ, ки хатарҳои резиши санг вуҷуд доранд, қоидаҳои ҳаракатро риоя кунанд, ҳаргиз суръатро боло набаранд ва масофаи байни мошинҳоро ҷиддан риоя намоянд”, гуфта мешавад дар ҳушдори Кумита.

Дар сурати пеш омадани ин ё он ҳодисаи фавқулода шаҳрвандон метавонанд бо телефонҳои  112,  93 880 28 19,  221-91-19, 223-13-11 барои кумак  ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда муроҷиат намоянд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button