ВидеоИқтисодМуҳоҷирон

ФАҚАТ РУБЛ! “ТИНЬКОФФ БАНК” ИНТИҚОЛИ ДОЛЛАРУ ЕВРОРО БА ТОҶИКИСТОН МАНЪ КАРД

“Тинькофф Банк”, яке аз бонкҳои бузурги Русия, интиқоли асъори хориҷиро тавассути SWIFT ба 5 кишвар: Гурҷистон, Беларус, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Муғулистон манъ кард. Дар иттилоияи нашршуда дар сомонаи расмии бонк гуфта мешавад, ки интиқоли доллару евро танҳо ба бонкҳои алоҳидае дар Хитой ва чанд кишвари дигари СНГ (Арманистону Озарбойҷон ва Ӯзбекистон) имкон дорад ва ба дигар кишварҳо интиқоли пул танҳо бо рубли русӣ сурат мегирад. Ин тасмим ба даҳҳо ҳазор муҳоҷири корӣ аз Тоҷикистону Қирғизистон, ки барои ба доллару евро иваз кардану бо ин асъори хориҷӣ ба Ватан фиристодани музди худ аз “Тинькофф Банк” истифода мебурданд, таъсири манфӣ мерасонад.

Намояндагони бонк гуфтаанд, ки “ҳоло интиқоли пул тавассути SWIFT бо доллар ё евро фақат ба бархе бонкҳои Арманистону Озарбойҷон ва Ӯзбекистону Хитой имконпазир аст. Интиқол бо асъори хориҷӣ ба кишварҳои дигарро мо ҳоло анҷом намедиҳем”.

Дар миёнаҳои моҳи октябр дар сомонаи “Тинькофф Банк” гуфта мешуд, ки интиқоли асъори хориҷӣ аз тариқи SWIFT ба Беларус, Гурҷистон, Қирғизистон ва Муғулистон имконпазир аст.

Ба навбати худ тавассути SWIFT, рақами телефон ё корту суратҳисоб метавон интиқоли рублҳои русиро танҳо ба Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистону Тоҷикистон ва Ӯзбекистон анҷом дод. Тавассути SWIFT ҳоло аз Арманистону Озарбойҷон ва Ӯзбекистон метавон ба Русия пул гузаронд.

Дар поёни моҳи сентябр баъди оғози мобилизатсия дар Русия “Тинькофф Банк” ва бонки ВТБ аз афзоиши интиқоли пул ба кишварҳои хориҷаи наздик тавассути шабакаҳои пулфиристиашон  гузориш дода буданд. Намояндаи “Тинькофф Банка” гуфта буд, мардум аз тариқи рақамҳои телефон аз ҳама бештар ба Ӯзбекистон пул мефиристанд. Дар ҷои дуюм Тоҷикистон меистад.

“Тинькофф Банк” дар аввали моҳи июли соли 2022 интиқоли асъори хориҷиро ба Русия тавассути SWIFT то 1 октябр манъ карда буд. “Талошҳои мо барои инки шарикони ғарбии мо уҳдадориҳои худро дар муҳлатҳои барои муштариёни мо мунсиб ва мақбул иҷро кунанд, кифоят накард”,  — гуфта буд ин муассисаи молиявӣ дар шарҳи тасмимаш.

Бонкҳои Русия дар пайи ҷанги ин кишвар ба зидди Украина дучори таҳримҳои сангини байналмилалӣ шуданд.

SWIFT як низоми байналмилалии байнибонкӣ барои табодули маълумот ва анҷоми пардохтҳост. Ин шабака беш аз 10 ҳазор муассисаи молиявиро дар бар мегирад.  Соли 2012 SWIFT бо қарори парлумони Аврупо Эронро аз ин шабака ихроҷ кард. Баъди шурӯи ҷанги Русия ба зидди Украина дар моҳи феврали соли 2022 кишварҳои Ғарб бархе бонкҳои Русия, аз ҷумла бонкҳои Сбербанк, ВТБ, Совкомбанк,  бонки “Открытие” ва бонки “Россия”-ро аз шабакаи SWIFT берун андохтанд. Дар поёни моҳи сентябр чанд кишвари Аврупо пешниҳод карданд, ки аз SWIFT Газпромбанк низ берун андохта шавад.  Пардохти пули газе, ки Русия ба Аврупо мефурӯшад, аз тариқи ҳамин бонк сурат мегирад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button