ВидеоМуҳоҷиронҲуқуқи инсон

ДАР РУСИЯ БА ЗИДДИ ЯК МУҲОҶИРИ ТОҶИК БАРОИ … ПИНҲОН КАРДАНИ ШАҲРВАНДИИ ТОҶИКИСТОН ПАРВАНДА КУШОДААНД

Раёсати тафтишоти вилояти Кемеровои Русия хабар дод, ки дар ин минтақаи Сибири ғарбӣ як марди 63-солаи зодаи Тоҷикистон, ки дар шаҳри Анжеро-Судженск зиндагӣ мекард, барои аз мақомот … пинҳон кардани шаҳрвандии Тоҷикистонаш ба додгоҳ кашонда мешавад. Даҳҳо ҳазор аз зодагони Тоҷикистон баъди дарёфти шаҳрвандии Русия шаҳрвандии тоҷикии худро ҳам ҳифз кардаанд ва ин яке аз нахустин мавридҳоест, ки як муҳоҷири тоҷик баъди дарёфти шаҳрвандии Русия барои хабар надоданаш ба мақомот дар бораи ҳифзи шаҳрвандии қаблии худ ба ҷавобгарӣ кашонда мешавад. Бар асоси қонунҳои Русия ба ӯ ҳамчун ҷазо ҷарима ба маблағи то 200 ҳазор рубл ваё корҳои маҷбурӣ ба муддати то 400 соат таҳдид мекунад. Гуфта мешавад, ки ин муҳоҷири тоҷик дар ҷараёни тафтишот гуноҳро ба гардан нагирифта, ба бегуноҳиаш исрор варзидааст.

Бино ба иттилои мақомоти тафтишотӣ, тафтиши парвандаи ин сокини тоҷикистонитабори шаҳри Анжеро-Судженск бар асоси моддаи 320.2 Кодекси ҷиноятии Русия бо иттиҳоми иҷро накардани масъулият дар мавриди хабар додан ба мақомот дар бораи шаҳрвандии дуюм сурат гирифтааст.

Бино ба фарзияи тафтишот, ин марди солхӯрда, ки шаҳрванди ҳам Тоҷикистону ҳам Русия буд, соли 2018 барои зиндагии доимӣ ба шаҳри Анжеро-Судженск кӯчидааст, вале дар вақти муайяншуда ба мақомоти марбута дар бораи шаҳрвандии дуюмаш хабар надодааст. Ин қонуншиканиро кормандони раёсати кор бо муҳоҷирони пулиси вилояти Кемерово ошкор кардаанд. Вале марди зодаи Тоҷикистон бо тафтишот ҳамкорӣ накардааст ва гуноҳашро ҳам эътироф накардааст. Аммо тафтишот мегӯяд, бо ин вуҷуд тавонист далелҳои кофӣ ҷамъ биорад ва аз ин рӯ, парвандаи ин зодаи Тоҷикистонро барои баррасӣ ба додгоҳ супурд.

Байни Русияву Тоҷикистон созишномаи душаҳрвандӣ вуҷуд дорад, вале онҳое, ки шаҳрвандии ҳарду кишварро мегиранд, бояд ба мақомоти марбута дар бораи доштани шаҳрвандии дуюм хабар бидиҳанд.

Дар солҳои охир садҳо ҳазор аз зодагони Тоҷикистон ба хотири осон кардани шароити зиндагӣ ва корашон дар Русия шаҳрвандии ин кишварро ба даст оварданд. Танҳо дар нимаи аввали соли 2022 74 ҳазор зодаи Тоҷикистон ва соли 2021 беш аз 103 ҳазор аз зодагони Тоҷикистон соҳиби шиносномаи русӣ шуданд. Яъне имсол ба ҳисоби миёна ҳар рӯз то 410 зодаи Тоҷикистон шаҳрванди Русия шудааст. Бисёре аз онҳо шаҳрвандии тоҷикии худро ҳам нигоҳ медоранд.

Шаҳри Анжеро-Судженск бо конҳои ангишти худ машҳур аст. Дар инҷо наздики 70 ҳазор нафар ба сар мебаранд. Ин шаҳр аз Кемерово, маркази минтақаи Кузбасс 100 километр ва аз шаҳри Томск низ тақрибан 100 километр дур аст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button